Нашрияи Омӯзгор

Ҳаёт беш аз он аст, ки аён аст

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Дар мактаб илмҳои гуногунро омӯхта, одатан паҳлуҳои ҷудогонаи воқеиятро баррасӣ менамоем. Масалан, ҳангоми таълими химия қонунҳоеро, ки дар  асоси амали мутақобилаи ашёи гуногун қарор доранд, дар биология усулҳои рушду инкишофи мавҷудоти зиндаро меомӯзем, дар дарси таърих бошад, ҳодисаҳои муҳиммеро, ки инсоният аз сар гузарондааст, қиёс менамоем. Вале мо камтар сари он андеша меронем, ки оё усулҳои умумие ҳастанд, ки дар асоси кулли мавҷудият қарор доранд ва  манбаи ҳамоҳангиву низоми ғайриодие мебошанд, ки тамоми олами атрофро фаро гирифтааст. Ин гуна саволҳо ба фалсафа мансубанд.

Моҳияти воқеият дар чист? Ин модда аст ё рӯҳ? Агар ҳам ину ҳам он аст, пас, чӣ тавр бо ҳам таносуб доранд? Ва мо мебинем, ки воқеият аз он чӣ ки ба назарамон менамояд, хеле серпаҳлӯтар аст.

Ҳаёт чист? Ин савол аксар вақт одамонро ба бунбаст дучор мекунад. Мавҷудоти зинда аз маводи беҷон чӣ тафовут доранд? Оё дуруст аст, ки ҳаёт ин фақат «тарзи мавҷудияти сафедаҳост», ё фазое ҳаст, ки аз чаҳорчуби, ба истилоҳ, олами моддӣ берун аст?

Вл. Дал мафҳуми ҳаётро ин тавр муайян кардааст:

«Ҳаёт-зистан, ҳастӣ; ҳолати фард, мавҷудияти шахсияти алоҳида.

Ба маънии васеъ ҳаёт фақат аз хӯрдану хазм кардани ғизо иборат аст ва ба ин  маънӣ он ба ду олами табиат-ҳайвонот ва наботот мансуб аст.

Ба маънии маҳдуд он эҳсосу ҳаракати озодонаро, ки хоси ҳайвонот аст, тақозо менамояд.

Ба маънии олиаш ҳамчун ҳастӣ  он танҳо ба дили инсон мансуб аст».

Барои биолог мафҳуми ҳаёт, пеш аз ҳама, ба интиқоли маводи ирсӣ аз насл ба насл алоқаманд аст. Дар асоси пайдоиши мавҷудоти нав-хоҳ инфузория, растанӣ ва ё инсон бошад, раванди дучанд шудани ДНК-и волидон, ки дар асоси он баъд таркиби сафедаҳо ба вуҷуд меояд, қарор дорад. Физик ҳаётро аз рӯи қонунҳои физикӣ омӯхта, таъсири онҳоро ба ин ё он раванд муайян мекунад, математик бошад, саъй менамояд, формулае пайдо кунад, ки ҳодисаҳои бавуқӯъояндаро ба беҳтарин тарз тасвир намояд. Барои таърихшинос ё ҷомеашинос ҳаёт ин роҳи мавҷудият ва инкишофи ҷомеаи инсонист.

Гуногунрангии воқеияти атрофро бо такя ба  маълумоти фақат як илм тасвир кардан кори бемаънӣ хоҳад буд. Охир, мафҳумҳое ҳастанд, ки онҳоро дар ягон формула ва ё нақша ҷой додан имконпазир аст. Зебоии осмон пеш аз ғуруби офтоб, майли инсон ба эҷод, ишқ-ҳамаи инҳо аз назари моддӣ шарҳнопазиранд.

Эҳтимол ба ҳамаи мо дарки беихтиёронаи он ки ҳаётро, ба хусус, дар шакли олиаш фақат чун маҷмӯи таркиби молекулаҳо, ҳуҷайраҳо ва бофтаҳо тасвир кардан мумкин нест. Дар бораи ҳаёти инсон сухан ронда, мо ногузир ба сари баҳси ин ё он мафҳумҳои рӯҳӣ хоҳем омад.

Маҳз чунин фаҳмиши ҳаёт ҳамчун инкишофи пайгиронаи мафҳумҳои мураккаб дар таърифи мазкури В. Дал инъкос ёфтааст.

 

Олима Азорабекова,

омӯзгори биологияи мактаби №77, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш