Ҳафтаномаи “Омӯзгор” оид ба вазъи ногувори бинои мактаби №12-и ноҳияи Спитамен мақолае чоп карда буд. Инак, таълимгоҳ соҳиби бинои нав гардид.
Мактаби таълимоти миёнаи умумии №12, ноҳияи Спитамен акнун дорои беҳтарин шароити таълимӣ буда, сарварии онро муаллимаи соҳибтаҷриба Муқаддас Қурбонова ба уҳда дорад. Синфхонаҳо барои толибилмони зинаи ибтидоӣ, ошхона барои 150 нафар, толори варзиш, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, кабинетҳои фаннии география-биология, химия, физика, математика, китобхона ва кабинетҳои фаннии технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва ҳуқуқ барои қабули устодону шогирдон тайёр аст.
- Бо дастгирии волидайн насоси об ба кор даромад ва масъалаи таъмин бо оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои атрофи муассиса ҳалли худро ёфт. Дар мактаб 563 нафар таҳсил менамоянд ва ба таълиму тарбияи онҳо 35 нафар омӯзгор машғул мебошанд. Талабот барои таҳсил дар синфҳои тоҷикӣ рӯ ба афзоиш дорад ва омӯзиши забони давлатӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст - мегӯяд директор Муқаддас Қурбонова.
Имсол тавассути Маркази миллии тестӣ 74 фоизи хатмкунандагон ҳуҷҷат супориданд ва дар олимпиадаи ноҳиявӣ 7 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр