Нашрияи Омӯзгор

Андешаҳои судманд

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир неруи зеҳнии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби кормандон ва устодони донишманд, ки дар баробари ба роҳ мондани машғулиятҳои бозомӯзӣ ба пажӯҳиши илмӣ машғуланд, сол то сол ғанӣ мегардад. Ба гунаи мисол, чандин рисолаю монография ва дастуру барномаи таълимиро метавон номбар кард, ки ба қалами омӯзгорони варзидаи донишкада А.Одинаев, Х.Қурбонзода, Ш.Акобиров, М.Ғиёсиев, И.Холназаров, С.Маҳкамов, С.Эгамбердиев, З. Норова ва дигарон тааллуқ доранд. Китоби тозатаълифи омӯзгори донишкада Абдулло Орипов «Ваҳдати миллӣ – таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ» аз ҳамин қабил нигоштаҳои пурмуҳтаво буда, мунтахаби мақолаҳои мавсуфро дар бар гирифтааст. Дар навиштаҳои хеш Абдулло Орипов ҳамчун мактабшиноси собиқадору пуртаҷриба дар мавзӯю масоили гуногуни таълиму тадрис ва тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар андешаҳои худро баён дошта, ҳамзамон, пешниҳодҳояшро ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон ироа намудааст. Дар пешгуфтори китоб омадааст: «Хотирнишон бояд намуд, ки китоби Абдулло Орипов – «Ваҳдати миллӣ – таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ» барои устодону омӯзгорони таълимгоҳҳо, коллеҷу макотиби олӣ ва дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа дастури беминнату раҳнамо ва сарчашмаи омӯзишу бардоштҳои илмию амалӣ маҳсуб меёбад. Аз мутолиаи маводу мақолаҳои маҷмӯа (адади онҳо ба 22-то мерасад) ҳароина андешаву афкори тоза, пешниҳодоти судманд ва ғояву аҳдофи созандаро, ки баҳри ҳалли масоилу мушкилоти соҳаи маориф равона шудаанд, дарёфт хоҳед кард».

Дар аксар мақолаҳои китоб масоили умдаи соҳаи маориф баррасӣ ва мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш