Чунон ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Солимии миллат боигарии давлат аст”.
Бесабаб нест, ки ба ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли чанд соли охир таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зоҳир намуда, якчанд ҳуҷҷати муҳимтарини давлатӣ қабул кардааст.
Аз Барномаҳои давлатӣ ва супоришу дастурҳо, баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо бо мардум бармеояд, ки дар миқёси кишвар ҷиҳати рушди варзиш, мустаҳкам намудани пояи техникии варзиш бо назардошти талаботи замонавӣ корҳои азим амалӣ шуда истодаанд.
Барои пурзӯр намудани варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ бояд ба барномаҳои таълимии муассисаҳои томактабӣ, таълими ибтидоӣ эътибори ҷиддӣ дода, якчанд тағйирот даровард, дар кӯдакистонҳо машғулиятҳои варзишӣ ва бозиҳои шавқовари варзиширо дар як ҳафта ба 4-5 соат расонидан зарур аст.
Мураббӣ дар омода намудани варзишгари гӯштингир аз зинаи нахустин корро оғоз мекунад. Агар дар мактаб 2 соат фанни тарбияи ҷисмонӣ ва 1 соат фанни гӯштингирии миллӣ гузарем, мураббӣ якуним – ду сол вақт сарф мекунад. Ҳамаи унсурҳои гӯштингирии миллӣ дар лаҳзаҳои дарс аз худ карда мешавад. Ҳамчунин ин намуди варзиш дар байни мардум эътироф карда мешавад.
Бо ин мақсад баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба гӯштингирии миллӣ дар солҳои 2018-2021 дар Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Гӯштингирии миллӣ асрҳо боз хусусияти худ-ро гум накардааст. Мо аз имкониятҳои беканори гӯштингирии миллӣ бисёр вақт истифода намебарем.
Маълум, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳавасмандкунии кормандон мавқеи босазо дорад. Аз ин ҷиҳат, ба омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ барои корҳои беруназсинфӣ, ташкили мусобиқаҳо ва ба натиҷаҳои беҳтарин расиданашон ҳавасмандкунии онҳо аз фойда холӣ нест.
ғайр аз ин, дар ноҳияҳои кишвар бисёр толорҳои варзишии замонавӣ бунёд шуда истодаанд, дар вақти татбиқи лоиҳаи сохтмон ва ҷиҳозонидани он талаботи замонавӣ, аз рӯи намудҳои олимпӣ дар ҳар як ноҳия ба назар гирифта шавад, ба мақсад мувофиқ мешуд.
Мутаасифона, дар муас-сисаҳои таълимӣ маводи одӣ, аз қабили сониясанҷак, рулетка, тест барои ҷаҳиш, диск, харакҳои гимнастикӣ (аспак, харак), кӯрпаҳои гимнастикӣ, нардбонҳои гимнастикӣ, ҳалқаҳои гимнастикӣ, саққо барои гурзпартоӣ, саққо барои гулӯлапартоӣ, норинҷак, найза, буми гимнастикӣ.
Аз ин лиҳоз, таъминоти мавод ва ашёи таълимии варзиширо зери назорат гирифтан лозим аст.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдони варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода дода мешавад.
Ҳарчанд ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бун-ёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шудааст, вале мо бояд дар оянда низ ба бунёди майдонҳо, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтору намудҳои олимпии варзиш диққати ҷиддӣ диҳем.
Хуб мешуд, ки дар ҳар як вилояти кишварамон толорҳои варзишӣ барои гимнастикаи бадеӣ ва ҷисмонӣ сохта, ба ин намуди варзиш эътибори ҷиддӣ диҳем.
Фаёз Одилов,
директори мактаби №40, ноҳияи Ҷаббор Расулов,
вилояти Суғд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр