Нашрияи Омӯзгор

«Ҳуҷуми фикрӣ» дар дарс

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Таълиму тарбия дар ҳама давру замон мутаносибан ба шароиту талаботи ҷомеа роҳандозӣ мегардад. Дар шароити имрӯза, ки давраи гузариш ба ҷомеаи навин аст, дар ҷумҳурии мо барои таълиму тадриси босамари  наврасону ҷавонон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.  Вобаста ба ин, солҳои охир истифодаи усулҳои интерактивӣ дар дарсҳо вусъат пайдо кардааст.

Яке аз усулҳои фаъоли интерактивии таълим «Ангезиши зеҳн» аст.

Фаъолгардонии ангезиши зеҳнии хонанда тавассути усули «ҳуҷуми фикрӣ» сурат мегирад. «ҳуҷуми фикрӣ» усули фикрронии эҷодист. Маҳз ҳамин усули интерактивӣ дар ташаккули қобилияти муоширатии хонанда таъсири амиқ мерасонад. Ин усул ба воситаи фикрронии озоди шахс ва иштироки ӯ дар масъалаҳои баҳсталаби илмӣ истифода мегардад.

Меҳвари асоси таълим бо корбасти «Ангезиши зеҳн» хонанда буда, омӯзгор роҳбалади хонандагон ба ҳисоб меравад ва фикрҳои ҳар якеро дастгирӣ менамояд ё шарҳ медиҳад.

Дар «Ангезиши зеҳн»  мақсади асосӣ чунин аст:

-гирдоварии мулоҳизаҳо;             

-фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс;

-ба вуҷуд овардани вазъияти ҷустуҷӯ;

-такмил додани фикрронии хонанда;

-кушиш кардан дар ҷустуҷуӣи мавод;

-дар сатхи баландтар эҳсос кардани фикрронии ҳар як хонанда;

-фаъолу серталаб гаштани ҳар як хонанда дар ҷустуҷӯи далелҳо;

-бештару пештар ҷаҳд кардан, бекор нанишастан, ҳамқадами ҳамсабақон гаштани ҳар як хонанда;

-таъсиррасонии фикру андешаҳои хонандагон ба андешаҳои якдигар…

Калимаи «Ангезиш» ба маънои дар ҷунбиш фаҳмида мешавад. Дар ин усули омӯзиш омӯзгор вазифадор аст, ки зеҳни хонандаро ба ҷунбиш орад, фаъол гардонад, ба андеша водор созад, то дар натиҷа ин ҷунбиш боровар  гардад.

Қадамҳои аввалин ва қоидаҳои фаъолгардонии ангезиши зеҳн инҳоянд:

1. Ба хонандагон пешниҳод кардани саволҳо оид ба мавзӯъ;

2.  Аз хонандагон хоҳиш кардани баёни фикрҳои хеш оид ба масъала ва саволи пешниҳодшуда;

3. Фикру мулоҳизаҳои пешниҳодшударо навишта гирифтан;

4. Ҳар як хонанда мулоҳизаҳои хешро баён намояд, то аҳли синф аз сатҳи дониши якдигар огоҳӣ дошта бошанд, худбаҳодиҳиро биомӯзанд.

Хосият Каримова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш