Нашрияи Омӯзгор

Байтбарак тақвиятбахши хотира аст

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 851        Шарҳ: 0

 

Дар ҷараёни таълиму тарбия барои ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ва ҳавасмандсозии онҳо ба омӯзиши амиқтари адабиёт омӯзгори ин фан метавонад аз воситаҳои гуногун ва  усулҳои муассир истифода намояд.

Бозиҳои шавқовару ҷолиби адабӣ, ба монанди ҳалли муаммо, ёфтани давоми мисраъ ё байт, луғатёбӣ, пур кардани ҷои нуқтаҳо (калимаи мувофиқ), қофиябозӣ… аз ин лиҳоз  бартарӣ доранд, зеро хонандагон табиатан ба сабқат, ба бозӣ рағбат зоҳир менамоянд. Яке аз бозиҳои адабие, ки дар дарсҳои адабиёт васеъ ва мунтазам истифода мешаванд, байтбарак мебошад. Ин навъи бозӣ хеле маъмулу густаришёфта буда, таърихи  дерин дорад. Байтбарак аз қадим байни шоирон, аҳли адаб, донандагони мумтози адабиёт ва ҳаводорони каломи бадеъ маъмул будаасту таваҷҷуҳи ҳамагонро ба шеър, ба ҳар чӣ бештар омӯхтани адабиёт ҷалб менамудааст. Дар дарсҳои адабиёт дар тамоми синфҳо байтбаракро дар лаҳзаҳои мувофиқи дарси адабиёт метавон истифода кард. Дар мавридҳои зер истифода намудани байтбарак бештар судманд мебошад: дар лаҳзаҳои дамгирии дарсҳо, ҳангоми мустаҳкам кардани мавзӯи гузошта, дар қисматҳои адабии ҳамоишҳои мактабӣ, дар мусобиқаҳои адабӣ, дар ҷашнвораҳо ва маҳфилҳо бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти ин ё он шоир.

Хеле мантиқию мувофиқ хоҳад буд, ки омӯзгори адабиёт қабл аз ташкилу баргузор намудани байтбарак ба шогирдон дар бораи байт (такроран бошад ҳам) маълумоти мухтасар ироа намояд. Маълум, ки байт аз ду мисраъ иборат буда, дар вазни муайян гуфта мешавад ва дорои мазмуни хос мебошад. Ҳар байтеро, ки дар сатҳу мазмуни баланд гуфта шудаасту дар он санъатҳои шеърӣ, таносуби сухану фасоҳати калом ба дараҷаи олӣ риоя шудааст, шоҳбайт мегӯянд. Маъмулан мазмуни шоҳбайт бо ҳаёт, бо воқеияти зиндагӣ, бо рафтору гуфтору кирдори одамон ҳамбастагии қавӣ дорад. Чунончи, устод Рӯдакӣ гуфта:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ё худ, Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:

Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,

Чу дидед сармо, баҳор оваред.

Пас аз ин муқаддимаи мухтасар, омӯзгор шартҳову қоидаҳои махсуси байтбаракро ба хонандагон ёдовар мешавад. Байтбарак байни хонандагон бо гуфтани байте аз ҷониби хонандаи фаъол ё хоҳишманде  (ё оне, ки омӯзгор даъват мекунад) оғоз меёбад. Масалан,  хонандаи нахустин мегӯяд:

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Хонандаи дуюм мувофиқи қоидаи байтбарак ба байти гуфташуда мувофиқ ба ҳарфи  охирини мисраи дуюми он ҷавоб мегӯяд:

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.

Хонандаи сеюм:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Ҳамин тавр, байтбарак идома меёбад ва он бо дахолати омӯзгор ва ё бо мағлуб шудани нафаре ба поён мерасад. Байтбаракро метавон байни ду нафар, байни ду даста ва ё байни аҳли синф ташкил кард. Омӯзгор бояд шогирдонро даъват намояд, ки бештар байтҳои пурмазмун ва шевою муассирро истифода намоянд, байтро саҳеҳ, ифоданок ва батамкин бигӯянд. Ҳамон як байтро ба такрор гуфтан ҷоиз нест. Ба таҳқиру таънаи якдигар дар давоми байтбарак ҳаргиз набояд роҳ дод.

Баъзан дар байни хонандагони фаъол ва низ аҳли синф байтбарак вобаста ба эҷодиёти шоири алоҳидае ташкил карда мешавад, ки албатта, нисбатан мураккабу маҳдуд аст. Масалан, байтбарак вобаста ба ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ ё рубоиёти Умари Хайём. Ин навъи байтбарак аз хонандагон омодагии  махсус  тақозо дорад. Ҳамчунин, навъи дигари ин бозии хушоянди адабӣ – байтбарк мувофиқи мазмун маълум аст. Дар ин навъ шарт нест, ки байти навбатӣ мувофиқ ба ҳарфи охири байти аввал гуфта шавад, балки байти ҷавобия бояд идомаи мазмуни байти нахуст бошад.

Байтбарак зеҳнро сайқал мебахшад, хотираро қавӣ мекунад, дар дили хонандагон муҳаббатро нисбат ба адабиёт ва шеър афзун менамояд. Ҳамчунин, байтбарак ба тақвияти маҳорати шеърхонӣ, ҳозирҷавобӣ ва наттоқии шогирдон мусоидат мекунад.

 

Ҳилола Муродова,

омӯзгори забон ва адабиёти литсейи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш