Нашрияи Омӯзгор

Саҳифаи нави ҳамкориҳои илмӣ

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва  эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Омӯзиши таърихи равобити  халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносон ва ҷомеашиносон қарор дошт. Дар солҳои  2018-2020 дар шаҳрҳои  Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент,  Кӯлоб, Бохтар, Андиҷон, Қӯқанд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардида, дар қатори меҳмонони хориҷӣ, олимони ду давлат иштирок намуданд. 

Саҳифа ва марҳилаи нав дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Мулоқоти байни фарҳангҳо дар Ӯзбекистон аз нигоҳи сайёҳӣ: таҷриба, муаммоҳои муҳим ва рушди истиқбол» дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд 27-29 июни соли 2020 баргузор гардид, мебошад. Конфронси байналмилалии илмӣ дар шароити  Коронавирус дар асоси дастури «ZOOM» видеоконфронси бархат  (онлайн) баргузор гардида, масъалаҳои муҳими илмӣ: забонҳои хориҷӣ  - омили асосии омӯзиши  мероси фарҳангӣ, рушди лингвофарҳангӣ дар раванди мулоқотҳо, хусусият ва таъмини инкишофи салоҳияти лингвистӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии ходимони сайёҳӣ, мулоқоти байнифарҳангҳо омили ҳалкунандаи таълими забонҳои хориҷӣ бо иштироки зиёда аз 100 олими Ӯзбекистон, Тоҷикистон, ИМА, ҲДМ  ва дигар давлатҳо мавриди муҳокима қарор гирифт. Конфронси илмӣ аз тарафи ходимони илмии Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Дилбархон Олимҷонова ва Ӯткирбек Бурҳонов дар раванди мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, тоҷикону ӯзбекон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд, ки он аҳамияти калони илмӣ дорад.

Дар видеоконфронс олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров   М.О.Искандарова, Н.Эркаева, Қ.Ҷаб-борова ва дигарон дар мавзӯъҳои «Саразм- яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, сайёҳӣ ва  кишваршиносии таърихӣ», «Забони русӣ - забони мулоқоти байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия», «Забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши мероси фарҳангӣ дар раванди дӯстии халқҳо»  гузориш доданд. Конфронси байналмилалӣ барои амалӣ гардидани Барномаи давлатии «Солҳои 2019-2021, солҳои рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аҳамияти  тарбиявию илмӣ ва умумиҷаҳонӣ дошта, маводи он дар шакли электронӣ ва маҷмӯаи алоҳида нашр мегардад.

 

Сафар Эркаев,

дотсенти ДДХ ба номи

академик Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш