Нашрияи Омӯзгор

Ташаббускорӣ манфиатовар аст

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Вақти он расидааст, ки дар системаи таълими соҳаи таҳсилоти касбӣ бо шаклу усулҳои пешқадами таълим диду назари нав, методҳои ҷадид роҳандозӣ  шаванд. Хоса, дар даврае, ки мехоҳем омӯзиш дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад.

Акнун нигоҳи устодону устоҳои таълимии як қатор муассисаҳои соҳаи таҳсилоти касбӣ ба раванди таълими кредитӣ мусбат буда, онҳо азм доранд, ки бо дарназардошти чунин усул китобхонаҳои муассисаҳояшонро бо адабиёти таълимии тахассусӣ пурра намоянд.

Чунонки директори коллеҷи технологии шаҳри Душанбе  Мирзон Некрӯз Мирзон  гуфт, алҳол китобхонаи муассиса дорои 6734 нусха китоби бадеӣ, илмӣ, оммавӣ ва соҳавист. Ҳамчунин, бештар аз ҳафт ҳазор  китоби электронӣ дар хизмати талабгорон аст.  Қисми бештари китобҳо аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мондаву ба шароити  имрӯза  мувофиқ нестанд. 

- Нарасидани  китобҳои дарсии тахассусӣ, фикр мекунам, на танҳо барои  мо, балки барои кулли муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосист, - мегӯяд Мирзон Некрӯз. - Инро ба назар гирифта, як идда устодон саъй доранд, ки аз маводи мувофиқ ба барномаҳои имрӯзаи таълим тарҷума ва таҳия намуда, ҷавҳари онро ба шогирдон омӯзонанд. Ба ҳар сурат,  маҷмӯи китобҳое аз тарафи устодони ҳамин муассисаи таълимӣ тӯли панҷ – шаш соли охир навиштаву тарҷума шудаанд, ки вобаста ба ихтисосҳои  мавҷудаи коллеҷ ба таври фаровон истифода бурда мешаванд. Китоби дарсии омӯзгорони коллеҷ М. Қурбонов, Л. Силаева ва М. Шоазизова «Формирование рынка картофеля в Республике Таджикистан: современное состояние и перспективы развития» мавриди истифодаи устодону шогирдон қарор  гирифтааст. Китоби таълимӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидаасту шогирдон аз он истифода мебаранд. Китоби дарсии дигар бо номи «Танзими давлатии иқтисодиёт» (муаллифон Н. Шарифов, Ш. Ҷонмаҳмадов, Ф. Маҳмадалиев) мавриди истифодаи донишҷӯён аст. Ин гуна ташаббускорӣ олимони ҷавони  дигари коллеҷро низ водор сохтааст, ки ба таҳияву навиштани китобҳои дарсӣ даст бизананд.

- Боиси хушнудист, ки ҳоло муаллифони худӣ омодаанд вобаста ба барномаҳои таҳиягардидаи таълимгоҳ дастуру китобҳои таълимӣ таҳия намоянд, - андеша дорад Мирзон Некрӯз, худи ӯ дар машғулиятҳояш аз дастуру китобҳои «Баҳисобгирии муҳосибӣ»- и Т. Гулов, М. Шобеков, А. Шерназаров истифода мебарад, ки  хеле сода ва пурмуҳтаво таълиф  гардидааст.  Ба қарибӣ боз  ду китоби дарсӣ -  «Истифодаи барномаи MS EXCEL дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» ва «Технологияҳои  иттилоотӣ – идоракунӣ дар иқтисодиёт» (муаллифон Ш. Дониёров, А. Нурализода, Ҷ. Шарифов, Ф. Дониёров) аз чоп баромад.

Ҷойи шубҳа нест, ки дар раванди интихоби касб ва ҳангоми омӯзиш  нақши китобҳои дарсӣ, бахусус, адабиёти тахассусӣ  басо муҳим аст. Ба назар мерасад, ки таъмини муассисаҳо бо асбобҳои дарсии тахассусӣ то андозае ҳалли худро ёфтааст, маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доир ба ин масъала бетафовут нестанд. Вале ба ҳар сурат, дар ин масъала ҳанӯз ҳам муаммову камбудиҳо ҷой доранд.

Омӯзгори факултаи технологияи хизматрасонии коллеҷи номбурда Н. Солиев аз математика дарс мегӯяд. Вай низоми таҳсилоти кредитиро афзалтар шуморида, ақида дорад, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣ ба мактабҳои олӣ шогирдонро на ба курси дуюм, балки якбора ба курси сеюм қабул намоянд. Ба он хотир, ки аз фанҳои дақиқ китобҳои таълимӣ дастрас буда, шогирдон донишу малакаи касбӣ пайдо менамоянд, омӯзиш ва такрори мавзӯъҳо як соли дигар бемақсад аст.

Худи Мирзон Некрӯз Мирзон номзади илми иқтисодӣ, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ мебошад. Рисолаи номзадиро соли гузашта дар мавзӯи «Таъмини рушди босубот дар хоҷагии қишлоқи ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст. Вай бар он назар аст, ки ҳар як омӯзгор бояд ба масъалаҳои ҷиддии вобаста ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт корҳои таҳқиқотӣ анҷом диҳад. Дар коллеҷ 93 нафар омӯзгор машғули таълиму тарбия буда, аз 21 синфхона дар 14-тои онҳо видеопроектор ва тахтаҳои электронӣ насб гардидаанд. Теъдоди компютерҳо 104 ададро ташкил медиҳад, ки ба шаш нафар  донишҷӯ якто компютер рост меояд.Шогирдони коллеҷ қариб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин ҷо таҳсил менамоянд. Эҳтиёҷмандон бо хобгоҳ таъмин мешаванд. Толори фарҳангӣ низ барои 120 ҷой ба таври замонавӣ таъмир гардидааст.           

Бо ташаббуси маъмурият ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ду синфхона  ҷудо гардид, ки дар он маҳсули дастони шогирдони коллеҷ ба намоиш гузошта шудааст. Дар байни шогирдони коллеҷ фаъолон зиёданд, ки  онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд. Шоҳона Аминзода гирандаи стипендияи Президентӣ, Комрон Абдуллоев устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштингирист. Шогирдон азм доранд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намоянд.

Дар баробари ҳамаи ин, дар коллеҷ баъзе камбудиву норасоиҳо низ ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, донишҷӯён бо китобҳои дарсии забони русӣ ва забони англисӣ таъмин нестанд. Маъмурияти коллеҷ баҳри рафъи норасоиҳои мавҷуда бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ дорад.       

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш