Нашрияи Омӯзгор

Ояндаи дурахшони литсей

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дасти одамизод гул аст

Бо муовини директор оид ба корҳои таълими истеҳсолии литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе Додалишо Мухторов дар даромадгоҳи муассиса вохӯрдем. Бо ҳам аввал саҳни бино, хобгоҳ, кабинетҳои фанниву устохонаҳоро аз назар гузарондем. Як қисми бачаҳо барои супоридани санҷишу имтиҳонот тайёрӣ медиданд,  аз ин рӯ,  хеле сертараддуд буданд. Дар устохонаи дигар устои таълими истеҳсолӣ Азиз Гадоев ба бачаҳо нозукиҳои касби кандакориро ёд медод. Муовини директор аз фурсат истифода бурда, иттилоъ дод, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ аҳли литсей хеле фаъол гардидаанд. Онҳо  намои  рамзҳои давлатӣ – нишон, парчами миллиро  кандакорӣ  намудаанд. Дар поёни ҳар як амали анҷомдодашуда  ному насаби муаллифи он низ аз тарафи худи бачаҳо  ба шакли кандакорӣ насб гардидааст. Дар як гӯшаи дигар кас сандуқу нонпар, табақи чӯбину дару тирезаи  кандакоришуда, лавҳу дигар васоили рӯзгорро дида ба ваҷд меояд. Тамошои ин манзараҳоро мақоли халқии «Дасти одамизод гул аст»-ро ба хотир меорад.

Фаъолияти доманадор

Бино ба нақли муовини директор муассисаи мазкур ҳанӯз шасту се сол муқаддам ташкил шудаву он гоҳ бо номи омӯзишгоҳи касбии техникии рақами 30 – и шаҳри Душанбе машҳур буд. Соли 2012 ба литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе табдили ном кард. Тӯли ин қадар солҳо  муассиса бештар аз даҳ ҳазор коргари баландихтисосро барои бозори меҳнат тайёр кардааст. Имрӯз дар ин ҷо 62 омӯзгору устои таълими истеҳсолӣ ба кори таълиму тарбия ва касбомӯзии хонандагон машғуланд. Аксари  онҳо дорои маълумоти  олӣ ва дараҷаи тахассусӣ мебошанд. Аз 873  нафар шогирди ин литсей 57 нафарро  духтарон ташкил  медиҳанд. Барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ 27 кабинети фаннӣ, 5 устохонаи таълимӣ, 2 озмоишгоҳ дар хизмати устодону шогирдон аст, ки онҳо бо  шиору овезаҳои омӯзишӣ, нақшаву дигар воситаҳои техникӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар литсей дар заминаи синфи 9 (2 сол) ихтисосҳои кандакорӣ дар чӯб ва пӯсти чӯб, дуредгар, гаҷкории ҷузъҳои меъморӣ, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, таъмири қисмҳои барқии автомобил, кафшергари барқию газӣ, челонгар оид ба тайёр кардани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ – санитарӣ, системаи компютер ва интернет – технология,  монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, ҳисобдор (бо донистани компютер ва пас аз хатми  синфи 11 (1 сол) бар замми ихтисосҳои номбаршуда боз тахассусҳои хиштчин, андовачӣ, мошинисти  автокран  кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд.Ногуфта намонад, ки муассиса як вақт шогирдонро бо хӯроки гарми ройгон таъмин менамояд. Қабули довталабон ба литсей бо дарназардошти қоидаҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои таълимашон буҷавӣ ва шартномавӣ дар шуъбаи рӯзона сурат мегирад. Ҳамзамон, дар литсей курсҳои кутоҳмуддати як ва семоҳа  барои шаҳрвандони бекасб аз рӯйи ихтисосҳои зикр-гардида  фаъолият мекунанд.

Пеш рафтӣ, кор осон

мешавад

- Анъана шудааст, ки охири моҳи майи ҳар сол, - мегӯяд Д. Мухторов, - дар литсей рӯзи «Дарҳои боз» - ро эълон намоем. Имсол низ ин корро ташкил кардем. Намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, устодону роҳбарони синф ва падару модарони хатмкардагони мактабҳои шаҳр ва навоҳии гирду атрофи  Душанбе ҷамъ омаданд, ки шумораашон беш аз 400 нафарро ташкил дод. Дар он рӯз ҳамаи устодону устоҳои таълими истеҳсолӣ дар хизмати  мардум буданд: хоҳишмандон -  хатмкардаҳои мактабҳои таҳсилоти зинаи  асосӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ   бо шароити таҳсил ва будубоши шогирдони мо  дар хобгоҳ шинос шуданд. Муассисаи мо макони омӯхтани  ҳунарҳои зиёди техникиву сохтмонист, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаи инсон ба кор мераванд.Ҷойгиршавии бинои  литсей ҳам (дар рӯ ба рӯйи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода) барои омӯхтану азбар кардани ҳунарҳои номбурда қулай аст.    Фикр мекунам, ки ташкили рӯзи «Дарҳои боз» ба онҳо  имкон медиҳад, ки дар интихоби кадрҳои  коргарӣ  хато  накунанд. Агар аҳамият дода бошед, ин усул, яъне корҳои тарғиботиву ташвиқотиро тавассути барномаҳои телевизионӣ низ идома дода истодаем, ки талаби замон  аст. Мехоҳем  довталабон дар интихоби касб хато накунанд. Ин кори доимии мост, ки онҳоро ташвиқ менамоем. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз қариб аз кулли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар литсейи мо касб меомӯзанд. Аз Кӯлобу Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз Рашту Муъминободу Бохтар, ҳатто аз Бадахшон ҳам шогирд дорем.Бачаҳо ҳама тифоқу якдигарфаҳманд, зуд – зуд маҳфилҳои гуногун ташкил карда,   санаҳои таърихии миллиро мегузаронем. Ин имкон медиҳад, ки ҳаёти ҳаррӯзаи шогирдон хушу хотирмон гузарад.

Ҳамкориҳо самароваранд

Маъмурияти  литсей барои  беҳ гардондани шароити муассиа аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда  истифода мебарад. Аз ҷумла, аллакай шартномаҳо байни Бонки умумиҷаҳонӣ ва литсей ба имзо расидааст, ки тибқи он бояд бо харҷи як миллион доллар  устохонаҳои  сантехникӣ, кафшергарӣ ва хиштчинӣ сохта шаванд. Мувофиқи таҳияи  ин нақша ташкилоти номбурда, ҳамчунин, бояд се бинои хобгоҳро таъмиру тармим ва бо тамоми лавозимоташ барқарор намоянд.

Айни замон, аз тарафи маъмурият ба масъалаи аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ  диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро омӯхтану аз бар намудани усулҳои нави таълим имкон медиҳад, ки шогирдон бо илму дониши нав, бо усули  истифода аз техникаву технологияи муосири ба литсей воридшаванда шинос гардида, бо он кор карданро ёд гиранд, чунки ин тақозои замон аст ва барои ворид шудан ба бозори меҳнат мусоидат менамояд.

Чунонки муовини директор Д. Мухторов гуфт, маъмурият мехоҳад ду ихтисоси барои ҷумҳурии мо заруриро барои минбаъда дар муассиса ҷорӣ намояд, вале ин азми муфид, мутаассифона, дастгирӣ наёфт. Инҳо   ихтисосҳои  мошини борбардор (крановшик) ва устои лифт мебошанд. Акнун барои омӯзондани ихтисоси дигар иҷозатнома гирифтем, ки молидани андоваи хушк дар болои девор мебошад. Дар ин масъала бо корхонаи сохтмонии «КНАФ» шартнома бастем ва аз моҳи сентябр ин ихтисосро ҷорӣ  мекунем. Бояд гуфт, ихтисоси аз ҳама «серхаридор»-и литсейамон кандакорӣ дар болои чӯб аст. Омӯхтани ин ихтисос  аз кас  сабру тоқати зиёдеро тақозо менамояд. Хушбахтона, дар ин самт шогирдони зиёде дорем, ки бо зеҳну салиқаи худ аллакай байни ҷомеа ном баровардаанд. Устои таълими истеҳсолии ин ихтисос Азиз Гадоев хатмкардаи ҳамин литсей аст, ки худи ӯ моҳи августи соли гузашта дар озмуни байналхалқии кандакорӣ дар рӯйи чӯб дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Россия иштирк карда, аз байни иштирокчиёни ҳамкасби худ (аз 54 давлат ширкат доштанд) ҷойи аввалро соҳиб гардид.Ин ихтисос фақат дар литсейи номбурда вуҷуд дорад ва бовар ҳаст, ки шогирдону дигар ҳамкасбони ин омӯзгор  мисли ӯ минбаъд дар дигар сабқату ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ширкат намуда шарафи литсейю ҷумҳуриро баланд мебардоранд.

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»          


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш