Риёзидони мумтоз
Яке аз донандагони беҳтарини математика аз Фаронса Алексис Клеро дар 10 – солагӣ математикаи олиро пурра аз бар карда буд. Дар 12 – солагӣ нахустин кашфиёти илмиашро анҷом дод ва дар 18 – солагиаш ба Академияи илмҳои Фаронса шомил шуд.
Ҳайкали тиллоӣ
Муҷассамаи тиллоии Буддоро, ки се метр баландӣ дорад, бо гаҷ рӯйкаш сохта буданд, то ки арзиши воқеияш аз назарҳо пинҳон бошад. Ҳоло ин муҷассама дар Бангкок (Таиланд), дар ибодатгоҳи Ват Праимит маҳфуз аст.
Бозёфти нодир
Қолаби рӯйи одамро, ки аз тиллои холис офарида шудааст, соли 1873 аз шоҳигарии Ашант (ҳоло як қисмати Гана) англисҳо пайдо карда, ба кишвари худ овардаанд.
Духтари ҷасур
Дар Ҷумҳурии Эстония Лийна ном духтараки 11 – соларо чун қаҳрамони филми Мауглӣ ном мебаранд. Зеро ӯ метавонад нотарсида ба шер, паланг ва дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ наздик шуда, бо онҳо забон ёбад. «Дӯстонаш» бошанд, ба ҳама фармонҳои ӯ итоат мекунанд. «Ман танҳо ба чашми онҳо нигоҳ карда, мефаҳмам, ки чӣ мехоҳанд. Ин барои ман ягон мушкилие надорад», - мегӯяд Лийна.
Китобхони сесола
Аз ҳама хонандагони хурдсолтарини ҷаҳон дугоникҳои сесола аз музофоти Шандуни Ҷумҳурии халқии Хитой мебошанд, ки ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил шудаанд. Бори аввал чун диданд, ки нохост яке аз бародарон рӯзномаеро аз болои миз гирифта бехатою бурро ба синни худ номувофиқ мехонад, ҳайрати волидонашон афзуд. Ғайр аз рӯзномаҳо онҳо китобҳои кӯдакона, дастурҳои гуногунро низ мутолиа менамоянд. Волидайни хурдсолон мегӯянд, ки ба тифлони худ хату савод наомӯхтаанд, вале аз ин комёбиҳои фарзандони худ хеле хушнуд ҳастанд. Омӯзиши олимон муайян кард, ки дугоникҳо 2400 калима ва боз забони англисиро низ медонистаанд.
Фароҳамсоз Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр