Нашрияи Омӯзгор

Аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт бояд кард

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш  дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз бемориҳои масунияти бадан ВНМО(СПИД), нашъамандӣ ва коронавирус (COVID-19) мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, мудири бахши ҷавонон ва варзиш Суҳроб Азимов, сардухтури Маркази вилоятии пешгирии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб Сайлонбӣ Тағоева ва мутахассиси марказ доир ба пешгирии ВНМО дар шаҳри Кӯлоб   Ҷамшед Рафиев  бо ҷавонон ва аъзои филиали ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд. Чорабиниро Орзу Ҳамидиён  оғоз бахшида, қайд кард, ки пеш аз ҳама, эмин нигоҳ доштани саломатии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз бемориҳои сироятӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар мулоқот, инчунин, Сайлонбӣ Тағоева ва Ҷамшед Рафиев бо маърӯза оид ба пайдоиш, роҳҳои гузариш, аломатҳои беморӣ ва пешгирӣ аз чунин бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаи мазкур ба ҷавонон тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш