Ба бахти мо, тоҷикон, дар ҳолати бисёр вазнину мураккаб, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ доман паҳн карда буд, марди нексиришту ватандӯст ва бонангу номус Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд. Аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату матонат тавонистанд дар Тоҷикистон парчами сулҳу ваҳдатро парафшон намоянд.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷанги бародаркуш садҳо хонаву коргоҳ вайрону валангор гардида, ҳазорҳо оила бесаробон, занҳо бешавҳар, тифлон бепадару модар монданд. Ҳамватанони мо аз Ватан гуреза шуда, ба кишвари ҳамсоя - Афғонистон ҳиҷрат карданд.
Ҷумҳурии мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ дубора истиқлолият ба даст овард. Маҳз ҷоннисориҳои роҳбари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Ватани азизамон сулҳу субот барқарор гашт. Хизматҳои мондагори ин фарзанди фарзонаи миллат дар таърих бо хатҳои заррин сабт гардидааст.
Ҳамчунин, Раҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони ғарибамон муроҷиат намуда, иброз доштанд: «Ҳамватанони азиз, шуморо сарзаминатон, хонаву дар, молу мулк, наздикону хешовандонатон интизоранд, ба сарзамини аҷдодии худ баргардед».
Маҳз ҳамин суханони самимию умедворкунандаи Сарвари кишвар буд, ки ба мардуми ранҷкашидаи ғариби мо рӯҳияи тоза ва иродат бахшид, итминони онҳоро ба ояндаи нек дучанд намуд. Сарвари давлатамон ҳар ваъдае, ки ба мардуми тоҷик дода буданд, амалӣ намуданд.
Инак, 23 сол мешавад, ки дар кишвари мо парчами сулҳу ваҳдат парафшонӣ мекунад. Бадбахтона, имрӯз ҳам гурӯҳҳое ҳастанд, ки зери садои доираи хоҷагони хориҷиашон мерақсанду овоз баланд мекунанд ва мехоҳанд ба суботи мамлакати мо халал ворид созанд. Лек мардуми сарбаланди тоҷик ҳаргиз ба фитнаи онҳо дода намешаванд, чунки онҳо дигар сиёҳро аз сафед хуб фарқ кардаанд.
Аз ин рӯ, моро мебояд ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем ва баҳри рушду пешрафти кишвари азизамон ҳамвора талош намоем.
Нигина Сироҷова,
ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр