Дар ин рӯзҳои мушкил барои давлату миллат вобаста ба вазъи мавҷуда насли калонсол, махсусан, омӯзгорону аҳли фарҳангу ҳунар, адибону бонувон ва фаъолзанон вазифадоранд, дар тарғибу риояи дастури табибон бештар масъулиятшиносиро пеша карда, фарзандонро дар хона нигоҳ доранд, ба тозагии хонаву манзили зист, муҳити атроф бештар масъулият зоҳир намуда, тарзи ҳаёти солимро риоя ва ташвиқ намоянд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории COVID -2019 дар ноҳияи Спитамен чораҳои муҳим андешида мешавад. Дар кори фаҳмондадиҳӣ саҳми аҳли маориф назаррас аст. Бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҷойҳои серодам, марказҳои савдо, ошхонаву бозор, намояндагони маориф бо аҳолӣ мулоқот намуда, барои пешгирӣ аз бемории мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, шаҳрвандон даъват карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва бениқоб дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор накунанд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр