Нашрияи Омӯзгор

Созандагиҳо дар ноҳияи Спитамен

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Спитамен бомаром идома доранд. Имрӯзҳо бо ибтикори раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода мулоқоти судманд бо сокинон ва аҳли маориф баргузор гардида, дар он мушкилоти соҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Раиси ноҳия барои ҳалли саривақтии масъалаҳои маориф супоришҳои қатъӣ дода, барои омодагии муассисаҳо ба соли нави хониш тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд.

Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Баҳодур Мамадализода зикр намуд, барои таъмиру азнавсозии чанд муассиса ва рангубори толорҳои варзиш аз тарафи раиси ноҳия маблағҳои муайян ҷудо гардид.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен корҳои таъмиру азнавсозӣ беш аз 75 фоиз ба анҷом расида, ба қадри кофӣ барои зимистонгузаронӣ ангишт ва ҳезум захира карда шудааст.

Дар муассисаҳои томактабии ноҳия низ корҳои ободонӣ, таъмиру рангубор дар арафаи анҷомёбист. Муассисаи таҳсилоти томактабии №15 бо номи “Бойчечак” дар деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен воқеъ гардидааст. Мудири кӯдакистон Гулҳаё Саидматова аз соли 2010 инҷониб сарварии ин муассисаро ба уҳда дорад ва барои ободонию сарсабзӣ ва таъмири ин даргоҳи маърифат корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар кӯдакистон 9 нафар мураббия ба тарбияи 180 нафар кӯдак машғуланд. Бо сабаби хурӯҷи пандемияи коронавирус имрӯзҳо муассиса фаъолият намекунад, аммо корҳои таъмиру тармим ва рангубори он идома дошта, муассиса ба мавсими нави қабули тарбиятгирандагон омода мебошад.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш