Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи технология - талаботи замон

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Технологияи иттилоотӣ дар ҳамбастагӣ бо методҳои маъмулии таълим имкон медиҳад, ки омӯзгор маҳорати тадқиқотиву малакаи эҷодиро дар ниҳоди донишҷӯён ва хонандагон бедор намояд ва муҳити солими психологиро таъмин созад.

Лекин набояд фаромӯш созем, ки технологияи иттилоотӣ омӯзгор ва китобро пурра иваз карда наметавонад ва аз ин лиҳоз, истифодаи технологияи иттилоотӣ якҷо бо усулҳои нави таълим ба манфиати кор аст.

Имрӯз вазифаи аввалин-дараҷа донишҷӯён ва хонандагонро аз донишҳои техникӣ ва технологияи навин бархӯрдор намудан аст. Бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки дарсҳо бо ҳаёти имрӯза ва кашфиётҳои навини илму техника сахт марбут бошанд, чунки ҷаҳонро имрӯз равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму технологияи нав фарогир аст.

Компютеркунонии таълим яке аз масъалаҳои муҳими дидактика ба шумор рафта, фаъолияти дарккунии донишҷӯёнро баланд мебардорад. Рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ, ки яке илму техника ва технология, дигаре маънавиёт, ахлоқ ва пос доштани анъанаҳои ниёгон мебошад, сахт марбут аст. Ташаккули тафаккури фарҳанги техникии насли наврас ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ аз айёми кӯдакӣ ва наврасӣ, яъне аз боғчаи кӯдакон ва мактаби миёна оғоз гардида, дар мактабҳои олӣ рушд меёбад. Аз ин лиҳоз, омӯзгоронро лозим аст, ки шогирдонашонро бо донишҳои нав мусаллаҳ намуда, онҳоро ба интихоби бошууронаи касб ҷалб намоянд.

Яке аз корҳои самарабахши таълимию методӣ - ин бо технологияи ҳозиразамон, яъне компютерҳо, воситаҳои сабти овоз, аудио - видео телевизорҳо ва дастгоҳҳои аккосию барномасозӣ роҳандозӣ намудани машғулиятҳо мебошад. Ин роҳ имкон медиҳад, ки аз тамоми нозукиҳои технологияи навин огоҳ гашта, ҳамчун сарчашмаи таълим аз он ғизои таълимӣ гирем ва фарҳанги истифодаи технологияи муосирро дуруст дарк кунем. Бояд ҳар як шахси комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлол кӯшиш намояд, ки дар раванди рушди техника саҳмгузор бошад. Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони болаёқатро дар соҳаи технология пайдо намуда, фаъолгардонии раванди таълимро бо истифодаи технологияи замонавӣ ба роҳ монем. Дар шароити ҳозира омӯхтани технологияи навин, ки асоси касбомӯзии насли ҷавон мебошад, низ ба ҳамин мақсад равона карда  шудааст. Касбомӯзии ҷавонон дар асоси пурзӯр кардани омӯзиши самтҳои техника ва технологияи муосир ба амал бароварда мешавад.

Таълими техника ва технология дар шароити ҳозира талаб менамояд, ки бояд ҳар як шахс бо қонунҳои табиат, ҷамъият ва бо талаботҳои умумии илми ҳозиразамон шинос бошад ва афкори илмию техникиашро инкишоф дода, донишу маҳорати эҷодкориашро рӯз то рӯз баланд бардорад.

 

Илҳомҷон ИСМОИЛОВ,

мудири бахши ТИК,

ноҳияи Сангвор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш