Нашрияи Омӯзгор

Дониш бунёди комёбиҳост

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар ҷумҳурӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути низоми тестӣ дар тамоми марказҳои таъсисдодаи Маркази миллии тестии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Даври асосии имтиҳонҳо аз 1 то 7 – уми июли соли ҷорӣ дар 48 маркази имтиҳоние, ки  дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд, баргузор гардид. Даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти   умумӣ – қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ) то 6 – уми июл идома ёфт.

Аз ҷониби ММТ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳони қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар шароити  паҳншавии COVID -19 як қатор тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла,  ҳар як маркази имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ тибқи талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ таъмин карда шуд.

Бо мақсади огаҳии бештар ҳосил намудан аз раванди имтиҳонот якуми июл ба  марказҳои имтиҳонии № 01 / 01 ва 01 / 07 -  и пойтахт рафтем. Дар саҳни муассисаи таълимии № 6 – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ (маркази бақайдгирии №01/01) волидайни довталабон ҷамъ омадаву шурӯъ  гардидани  имтиҳонро  интизор буданд.

Қабл аз шурӯи имтиҳон дар саҳни таълимгоҳ бо ҳамаи довталабон ва падару модарон суҳбат ороста шуда, тарзи супоридани имтиҳон ва қоидаву қонунҳои он хотиррасон карда шуд.

- Мисли солҳои қаблӣ, - гуфт зимни суҳбат бо мо директори  маркази мазкур А. Одинаев,  волидон раванди баргузории имтиҳонҳоро мустақиман дар толори махсус  тавассути мониторҳо мушоҳида  менамоянд. Риояи тамоми шарту қоидаҳои имтиҳонӣ зери назорати қатъии аъзои гурӯҳи муҳофизон қарор дода шудааст. Дар ҳамаи 32 синфхонаи имтиҳонӣ, роҳравҳо ва толори махсус камераҳои назоратӣ насб гардидааст.        

Дар саҳни муассисаи таълимӣ бо падару модарони довталабон ҳамсуҳбат шудем.

Убайдулло Шабонов, сокини шаҳри Душанбе, устоди факултаи баҳисобгирии иқтисодиёти ДМТ, иброз дошт, ки фарзандаш Муҳаммадҷон меъмор шуданист ва имрӯз имтиҳон месупорад. Ӯ  худ ин ин касбро интихоб кардаасту мехоҳад дар оянда барои оро додани биноҳои маъмурӣ ва маскунии ҷумҳуриамон саҳм гузорад. Муҳаммадҷон  имсол  мактаби  миёнаи рақами 32 – и пойтахтро дар гурӯҳи русӣ хатм намуда, забони англисиро ҳам хуб аз бар кардааст.

Гуландом  Маннонова  низ ба ин андеша ҳамроҳ аст. Вай гуфт,  соли 2014 вақте ки ин низом роҳандозӣ гардид, аслан, бе ягон душворию  мамониат ва пардохти маблағҳои зиёдатӣ ба донишгоҳ бо саводи худаш дохил шудааст. Системаи санҷиши компютерӣ  фиребу сохтакорӣ надорад. Вай мутмаин  аст, ки шаффофият дар раванди имтиҳонот комилан риоя мешавад. Акнун ӯ ба ҳаводории бародараш Саврулло  омадааст, ки мехоҳад  имтиҳон супорида, дар оянда иқтисодчӣ шавад.Мавсуф аз раванди баргузории имтиҳонот тариқи низоми тестӣ қаноатманд буда, ин равандро ҷаҳиши бузурге  дар маорифи кишвар медонад.

Ин андешаҳоро сокини шаҳри Душанбе Алимардон Сафаров низ тасдиқ кард. Вай гуфт, ки додарзодааш Алишер  имтиҳон супорида,  донишҷӯи  ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур шуданист.

Дар маркази имтиҳонии 01/ 07, ки дар муассисаи таълимии рақами 54-и ба номи Лоиқ  Шералии ноҳияи Исмоили  Сомонӣ қарор дорад, вазъ комилан ҳамранг аст. Роҳбари маркази имтиҳонии мазкур Меҳриддин Раҷабов иттилоъ дод, ки дар ин ҷо имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ - қисми А оғоз гардид, ки гурӯҳи ихтисосҳои якум – (табиӣ ва техникӣ)  мебошад. Қисми А аз чор субтест иборат аст, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин кисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро вобаста ба забони имтиҳонсупор, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Дар саҳни ин мактаб низ падару модарон пурҳаяҷон буданд ва ҳар кадоме орзуи донишҷӯ шудани фарзандашро дар дил мепарварид.

 Ба ҳамаи довталабон ва волидони онҳо барои аз рӯйи ихтисосҳои қабулкардаи довталабон барои дохил гардидан ба донишкадаю донишгоҳҳои писандидаашон барору комёбӣ орзу намуда, аз марказҳои итмтиҳонӣ берун шудем.  Бояд хотирнишон намуд, ки нишондодҳои   ниҳоии имтиҳонҳои дохилшавӣ тариқи низоми тестӣ моҳи августи соли равон ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо соҳиби номи донишҷӯ мегарданд.

 

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»               


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш