Нашрияи Омӯзгор

Иштироки 2470 нафар дар имтиҳон

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Масъули баргузории имтиҳонҳо дар минтақаи Кӯлоб, муовини аввали Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфаров иброз дошт, ки даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ-қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста аз ҳар гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ) аз 1 то 6 –уми июли соли равон идома хоҳад ёфт ва дар он аз шумораи умумии 2 551 нафар довталаби сабти номшудаи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 2470 нафар дар имтиҳон иштирок намуда, 81 нафар бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистанд. Бо мақсади дар вақти муқарраршуда ба таври шаффоф, одилона ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ, кормандони мо тамоми шароитҳоро барои довталабон муҳайё намудаанд. 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш