Нашрияи Омӯзгор

ММТ: 19 июл натиҷаи имтиҳонҳо эълон мешавад

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

 

12 июли соли равон дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб даври иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор гардид, ки дар он 4405 нафар довталаб иштирок намуданд. Аз ин шумора 3854 нафар ба қисми А ва 551 нафар ба қисми Б имтиҳон супориданд. Имтиҳонҳои мазкур дар як рӯз доир гардиданд, - зикр намуд котиби матбуоти Маркази милиии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода.

Мавсуф зикр намуд, ки  барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июни соли 2020) барои иштирок дар ИМД номнавис шуда буданд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ – синфи 9-ум) иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳонҳо дар даври иловагӣ ба марказ ариза пешниҳод намудаанд, даври иловагии ин имтиҳонҳо баргузор гардид.

 Бояд қайд кард, ки имсол бо дарназардошти ҳолати марбут ба пандемияи COVID-19 даври иловагии имтиҳонҳо на танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб низ созмон дода шуд.

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо низ кормандони муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар як маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Даври иловагии имтиҳонҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор гардид.

– Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта мешаванд ва ё то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тестӣ дар сомонаи марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн), тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда шуд.

– Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 19-уми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, -  таъкид кард З. Абдусаломзода.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш