Нашрияи Омӯзгор

Ҳам дӯст буду ҳам бародар

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

Ҳикматест машҳур:

- Дӯст хуб аст ё бародар?

- Бародар, агар дӯст бошад.

Иноятуллоҳ Шарифов (1.07.1952-12.07.2020) барои ман ҳам дӯст буду ҳам бародар. Дар мактаби деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор таҳсил кардем, давраи бачагиву ҷавониро бо ҳам гузарондем. Иноятуллоҳ ҷавонмарди тану тӯшдор, бақувват ва чандир буд, борҳо маро ҳифз кардааст. Ҳам дар ҳузурам ва ҳам дар  ғайбам фақат сифатамро мекарду мубаллиғи нигоштаҳоям, илҳомбахшам буд.

Иноятуллоҳ Шарифӣ китобу нашрияҳоро пайваста мутолиа мекард ва перомуни мазмуну муҳтавои онҳо андешаҳои ҷолиб изҳор медошт. Ба назарам, дар китобхонаи банда китоби нахондааш намондааст. Саводи баланди дунявӣ ва ҳам динӣ дошт ва бо мисолҳои мушаххасу тафсири  ояту ҳадисҳо ба бархе аз “мандонам”-ҳои мутаассиб   посухҳои сазовор медод. Аз бобояш мулло Абдуманнон, хатмкардаи мадрасаи Бухоро сабақ гирифта буд.

Рӯзгор маро бисёр азият дод, борҳо мусибат сарафкандаам кард. Дар ҳама гуна ҳолат бародари азизам Иноятуллоҳ дар барам буд. Вақте яккаписарам Умедҷон  дар ҷавонӣ тарки дунё гуфт, барои ман зиндагӣ дигар маънӣ надошт. Дар ҳамин ҳолат ин марди шариф маро сахт ба оғӯш гирифта гуфт: “Агар Худованд мехост, ман ҷонамро ба Умедҷон мебахшидам. Ба тақдир тан диҳеду дуои ҷони духтаронатону наберагонро кунед.

Зиндагӣ бар гардан афтодаст,

Бедил, чора чист?

Шод бояд зистан, ношод  бояд

зистан!”

Дӯст ва бародари банда омӯзгор буд ва то охири умр омӯзгор монд. Бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро низ хатм кард. Солҳои охир дар литсеи касбии металлургии шаҳри Турсунзода аз математикаву иқтисодиёт дарс мегуфту хеле фаъол буд. Дар ин шаҳр шаби эҷодияшро ташкил карданд. Воқеан, бародари ҷонии мо шоир ҳам буд. Шеърҳояшро овозхонҳо месароянд. Дар нашрияҳои гуногун, инчунин, дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ намунаҳои эҷодиёташ чоп шудаанд. Се китоби ашъораш “Шук-ри неку бад”(2008), “Такопӯи зиндагӣ” (2011), “Ҳайкали нанг” (2014) ба дасти дӯстдорони каломи бадеъ расидааст. Китоби охиринашро ройзании ҶИ Эрон ба нашр расонд. Шоири ваҳдатсаро буд. Ба наздикӣ як шеъраш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ (эҳтимол вопасин шеъраш бошад) дар нашрияи “Ҳисори шодмон” (№ 29,2020)  чоп шуд.

Дар ҳама гуна ҳолат зиндадил, ҳозирҷавоб, зарофатгӯй, адолатпарвару маъракаоро буд. Аз ҳузураш ҳама хушнуд мешуданд. Кинаву кудуратро дар дил ҷо намедод. Ҳимматбаланд низ буду аз назди муҳтоҷон бепарво намегузашт. Аз шахсони намоёни деҳа, ҷамоат ва ноҳия ба шумор мерафт.

Дареғо! Дӯст ва бародари азизам Иноятуллоҳ моро тарк гуфт. Ин барои мо мусибати бузург аст. Бо андуҳи гарон, бо қалби реш-реш ва чашмони ашкполо даст ба дуо мебардорем, ки хонаи охираташ обод ва маконаш биҳишти барин бошад.

 

Ҳакималӣ Назаралӣ,

омӯзгори мактаби № 17-и

деҳаи Ғуриёт, шаҳри Ҳисор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш