Соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Яке аз мавзеъҳои машҳур ва зебову хушманзара, ки овозааш тамоми оламро гирифтааст, минтақаи сайёҳии машҳури Искандаркӯл мебошад.
Ҳарчанд доир ба ин кӯл маълумоти зиёде ҳам тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ, ҳам ба воситаи асарҳои илмӣ аз забони сайёҳони ба ин мавзеъ сафарнамуда ва муҳаққиқон дар тӯли солҳову асрҳо ба табъ расидааст, лекин на ҳама аз таърихи воқеии пайдоиш ва маънои луғавии номи ин кӯл огаҳӣ доранд.
Олимони номшинос таъкид ба он доранд, ки “Замин китобест, ки таърихи инсоният дар он тавассути номҳои ҷуғрофӣ инъикос мегардад”. Номвожаи “Искандаркӯл” низ яке аз ҳамин саҳифаҳои китоби сарзамини Тоҷикистон аст.
Исмҳои хоси гидронимҳо (номвожаҳои мансуб ба об) аз қадим диққати муҳаққиқонро ҷалб кардааст. Ҳангоми шарҳи ин ё он макон (деҳа, шаҳр, ноҳия ва ё давлат) ҳатман дар соҳил ё байни кадом дарё ё баҳр ҷойгир будани он зикр карда мешавад. Дар бисёр мавридҳо ба деҳаву шаҳрҳои соҳили дарёву кӯлҳо номи ҳамон дарё ё кӯл дода шудааст (дарёи Зарафшон – шаҳраки Зарафшон, дарёи Вахш – ноҳияи Вахш, дарёи Москва –шаҳри Москва ва ғ.).
Искандаркӯли зебоманзар дар иҳотаи қаторкӯҳҳои Ҳисору Фон, ки то 5000 метр баландӣ доранд, ҷой гирифтааст ва дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон воқеъ аст. Искандаркӯл тамошогоҳи мардуми ҷаҳон аст ва бо обу ҳавои дилкушо, парандаҳои хушилҳону манзараҳои дилфиреби худ дили ҳар бинандаро тасхир менамояд.
Ин кӯл дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ. 86-72 м. умқ, 3,4 - 3,5 км2 масоҳат, 2,8 км дарозӣ, аз 1,5 км то 2, 7 км паҳноӣ, 172 миллион м3 захираи об ва 741 км2ҳавзаи обғундор дорад. Вобаста ба фаслҳои сол ин ҳаҷм тағйир меёбад. Пажӯҳишгарон бар он ақидаанд, ки дар ибтидо сатҳи оби кӯл баландтар – беш аз 120 метр будааст ва нишонаҳои он то имрӯз дар кӯҳҳои атрофи кӯл нақш бастааст. (Р. Б. Баратов, В. П. Новиков. Каменное чудо Таджикистана. – Душанбе: Ирфон, 1984. – С. 120).
Искандаркӯл аз панҷ чашма бо номи Панҷчашма ва чаҳор дарёча: Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон сарчашма мегирад. Аз кӯл як рӯд, ки бо номи Искандардарё машҳур аст, ҷорӣ мешавад. Ин дарё дар масофаи зиёда аз 1 км дуртар аз кӯл аз болои кӯҳи лағжида пеши ҷараёни дарёро гирифта ҷорӣ шуда, ба ҷараёни аслии худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд меовард.
Кӯл ба доираи васеи пажӯҳишгарон, воқеанигорон ва сайёҳон ҳанӯз аз асри IX маълум будааст, ки ба ин сарчашмаҳои таърихии зиёд низ гувоҳанд. Ҷуғрофиядонҳо, таърихшиносон ва воқеанигорони ҳарбии асрҳои мухталиф кӯлро бо номҳои гуногун ёдовар шудаанд. Агар ибни Хурдодбеҳ (асри 1X) ин кӯлро Айн ва дарёе, ки аз вай ҷорӣ мешавад, Ҷирк номида бошад (номи деҳаи Диҷик шояд топомоними дарёи мазкур аст. Ш.М.), дар садаҳои X– XII Ибни Ҳавкал, ал-Истахрӣ ва ал-Муқаддасӣ Маҷмаъ (ҷамъи об), муаллифи “Ҳудуд-ул-олам» (893. Муаллифаш номаълум) кӯлро Дарёжа номидааст. Баъдан дар осори хаттии асрҳои миёна Маштонзардарё номида мешавад.
Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К. Ф. Бутёнов муҳандис – афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (ҳолати муҳосира дар амалиёти ҳарбӣ) ном бурдааст.
Дар сарчашмаҳои нимаи дуюми асри X1X, дар саҳифаҳои адабиёти илмии русӣ ҷойи “Маштонзардарё” “Искандаркӯл” пайдо мешавад. Чӣ тавр ва аз тарафи кӣ ин ном эҷод шудааст, ҳоло ба мо маълум нест (с. 9) (Ёқубов Ю. Ёдгориҳои болооби Зарафшон. –Душанбе: Ирфон, 1977. – 64 с.).
Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Искандари Мақдунӣ (356 п. м.– 323-уми п. м.) вобаста мекунанд, ки соли 329-уми п. м. Осиёи Миёнаро забт кардааст.
Оид ба ин масъала ховаршинос В. В. Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст.
Ҳоло низ, мутаассифона, миёни мардуми ин диёр афсонаву ривоятҳои зиёде бо номи Искандар ва ин кӯл мавҷуд аст, ки мо қисме аз онро баён менамоем:
1) Гӯё ин кӯлро Искандари румӣ дар вақти Бутамонро забт карданаш бо қувваи аскарону асиронаш сохтааст.
2) Ривояти дигар дар китоби Абдураҳмони Мустаҷир “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» (охири садаи XIX) аз забони халқи таҳҷоӣ омадааст: “Баъзе мӯйсафедон мегӯянд, ки рӯзе шуд, ки вилояти Самангонро дарёи Зарафшон хароб кард... Баъди забти Шероз Искандар ба даст оинаи дурбини чаҳоннаморо гирифта, ҳар тарафро тамошо карда нишаста буданд, ки баногоҳ назари муборакашон дар вилояти Самангон афтод. Диданд, ки ҳамаи вилоятро об гирифтааст...
Искандар ҳамроҳи мирону акобирон кӯси Искандариро зада, ба ҷониби Кӯҳистон равон шуданд. Чанд рӯз роҳ рафта, ба лаби он кӯл расиданд... Устоҳои ҷамеи вилоятро оварданд ва пеши обро сад бастанд... Аз он ҷиҳат кӯли Искандар меноманд, ки баён кардем...
Баъзе «кӯли Искандар» мегӯянд ва баъзе «кӯли Искандар не» мегӯянд. Дар вақти даридани кӯҳ ва ҷорӣ шудани об кӯлро Искандар бунёд кардааст...» Дар ин ривоят, ҳамчунин, исмҳои Золи Зар, Суҳроби ял, Рустами паҳлавон зикр шудааст.
3) Сайёҳ Ф. Г. Патрунов дар китоби худ “По Таджикистану” ривояти дигареро овардааст, ки ба ривояти якум ҳамранг аст: “Искандари Македонӣ барои ҷазо додани суғдиёни итоатнопазир пеши дарёи Искандарро баст. Оби ҷамъшударо cap дода, деҳаҳои поёнобро ғарқ намуд ва сокинонаш маҷбур шуданд, ки муқобилиятро хатм бахшанд. Ҳамин тавр, Искандаркӯл пайдо шуд”.
4) Ривояти дигари бадеии фоҷиавӣ дар хусуси аспи Искандар Бутсефал мебошад. Ҳангоми дамгирии лашкар асп аз оби сарди кӯл менӯшад ва шамол мезанад. Баъди чанд рӯз даво меёбад ва ҳангоми чаридан якбора шиҳаи баланд мекашад ва ба қуллаи баландтарин баромада, худро ба кӯл мепартояд. Искандар ғамгин гашта, чанд рӯз мунтазир мешавад ва оқибат ноумед шуда, як даста аспбону аскаронашро он ҷо гузошта, худ роҳашро давом медиҳад. Аз он аҳд ҳар моҳ шаби моҳи мунир оби кӯл тақсим мегардад ва аз байни он аспи сафеди барфӣ – Бутсефал дар иҳотаи аспбонону аскарон намудор мегардад...
Бо бовари комил зикр бояд намуд, ки дар пайдоиши Искандаркӯл номи Искандари Румӣ ягон хел рабте надорад ва сарчашмаҳои таърихӣ низ ин афсонаҳоро куллан рад мекунанд. Дар сарчашмаҳои хаттии нигоштаи Арриан, Квант Куртсий, Диодори Ситсилӣ ва дигарон таъкид мешавад, ки Искандар ҳудуди водии Зарафшонро танҳо то Самарқанд омадаасту бас. Ин нуктаро муаррих Ю. Ёкубов, ки роҷеъ ба таърихи Фалғар китобҳо эҷод кардааст, чунин таъкид менамояд: “Искандари Македонӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳудуди Самарқанд берун ба сӯйи Панҷакенту Бутамон (Фалғар ё Айнии ҳозира) нарафта буд.” (с. 8. Ёқубов Ю. Ёдгориҳои болооби Зарафшон. – Душанбе: Ирфон, 1977.- 64 с.).
Ба андешаи мо, ба Искандар нисбат додани унвони кӯл бо он мақсад аст, ки шукӯҳу шаҳомати кӯл бо ҳамин poҳ барҷастатар ифода ёбад, зеро дар байни мардум Искандар чун шоҳи кишваркушой ва баъдан (шояд бо таъсири “Хирадномаи Искандарӣ”-и Абдураҳмони Ҷомӣ) чун шоҳи одилу адолатпеша машҳур гардидааст.
(Давом дорад)
Мирзошариф Шодиев,
сардори шуъбаи кор бо
МТТМОК-и ММТНПҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр