Нашрияи Омӯзгор

Тараннуми Ваҳдат

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

Ба тоҷик сулҳу Ваҳдат ҳамсафар шуд,

Хушо, ки  зиндагӣ дур аз хатар шуд.

Ба сулҳу оштию рафоқат, муттаҳидӣ,

Тавонотоҷики ман шуҳравар шуд.

Ҷаҳоноро бувад фарҳанги ваҳдат,

Дар иқлими ҷаҳон созандагар шуд.

Ҳаёти мардумони тоҷбарсар,

Басо фархундаю шоистатар шуд.

Ҳама афроди боору садоқат

Барои давлату миллат сипар шуд.

Ба Ваҳдат ҳар касе, ки меҳри дил баст,

Ҳамеша ҳар куҷое муътабар шуд.

Садоқатмандон

 

(Эҳдо ба табибони ҳозиқ)

Табибон, қаҳрамонони диёред,

Ба аспи шуҳрати миллат саворед.

Намуда хилъати Синоӣ дар бар,

Барои халқу меҳан ҷоннисоред.

Барои ҳар каси ошуфтаҳолат

Насиму накҳати фасли баҳоред.

Табибон, эй ҳабибони дили мо,

Шумо дар зиндагӣ соҳибшиоред.

Ба сӯзандорую ҳаб нест кардед,

Куруноро далеру ҷоннисоред!

Ба ихлосу сипоси ҳар ватандор,

Ба савганди  садоқат устуворед.

Шумо дилбастаю маҳбуби мардум,

Шумо худ қаҳрамонони диёред!

Бобоҷони НУРЗОД


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш