Нашрияи Омӯзгор

Дафни Мотсарт

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Ҷасади варамкарда ва пурҷароҳати Волфганг Мотсартро  як рӯз баъд аз вафот шитобкорона, хоксорона ва дар қабристони оворагардону муфлисон 6 декабри соли 1791 ба хок супориданд. Чанд нафар, ки аз пушти тобути оҳангсоз равон буданд, ҳаракатҳои шубҳаоваре нишон дода, то қабристон ҳам нарасида ғайб заданд.

Зани бевамондаашро бошад,  ба маросими дафн роҳ надоданд. Ҳамин тавр, ҷойи дафни «Худои мусиқӣ» номаълум монд.

Беш аз сӣ сол баъдтар Антонио  Салери, ки заҳр додани Мотсартро ба гардан гирифт, кӯшид, ки худкушӣ кунад. Баъди марги Салери шахсони дар бораи зиндагӣ ва тафсилоти сирри заҳр додани Мотсарт маълумот  ҷамъ карда, яке паси дигаре дучори бадбахтӣ шуда, зиндагиро падруд гуфтанд.

То кунун маълум нест, ки Мотсартро Салери кушт ё каси дигар.

Фароҳамсоз Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш