Нашрияи Омӯзгор

Донистан мехоҳед?

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Кӯчактарин пианинои олам

Сокини Фаронса Убер Молар тавонистааст, ки кӯчактарин пианинои оламро бисозад. Ин асбоби нафисро, ки овози навояш ҳам ниҳоят шевост, рӯйи даст бардошта навохтан имконпазир аст. Фақат барои навохтан чӯбчаи дандонхилолро бояд истифода кард. Барои сохтани ин асбоби нодир Молар 1500 соати умри худро сарф кардааст. 

Аз устухони фил ҳам сахттар

Дар ҷангалҳои Эквадор палмаҳое мерӯянд, ки меваҳои онҳо ҷалғӯзаи калонест баробари каллаи одам. Мағзи меваи расидаи ин дарахт он қадар сахт аст, ки аз сахтии устухони дандони ашки фил камие надорад. На аз гармию на аз сардӣ осебе ба он таҳдид намекунад. Аз ин меваҳои сахт ҳар хел ороишоту бозичаҳо ва ҳайкалчаҳое месозанд, ки онҳо аз ашёи аз устухони фил  сохташуда фарқе  надоранд.

Хонаҳо аз намаксанг

 Дар Алҷазоир тамоми хонаҳои мардуми сокини шаҳри Фази (аз таҳкурсӣ то бом, ҳатто қасрҳо ҳам) аз намаксанг сохта шудаанд. Дар ин маҳал намаксанг зиёд аст ва борон дер – дер меборад. Аҷибаш он аст, ки биноҳои ин маҳал садсолаҳо хароб намешаванд ва ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ  истифода шудани намак касеро ба тааҷҷуб намеорад.

Лаклак якпоя мехобад

Лаклак фосилаи зиёди вақтро болои як пояш мегузаронад. Бисёриҳо ҳайронанд, ки чаро ин паранда дар ҳолати ноқулай,  дурудароз беҳаракат истода, монда  намешавад. Гап сари он аст, ки зонуи лаклак аз раги хосаи пайванди устухонҳо  таркиб ёфтааст ва  аз ин  рӯ, парандаи мазкур соатҳо якпоя истода метавонад. 

Фароҳамсоз Ҳотами ҲОМИД,  «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш