Нашрияи Омӯзгор

Навиштаҳо бояд боҳадаф бошанд

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Номаҳое, ки тайи ду моҳи охир ба нашрияи «Омӯзгор» ворид гардиданд, дар мавзӯоти мухталифи соҳаи маориф навишта шуда, андешаву пешниҳоди судманди устодону омӯзгорони ҷумҳуриро дар бар гирифтаанд.

Муҳтавои бахши зиёди ин маводу матолиб аз тавсифу ситоиши ваҳдату таҳкими сулҳу субот дар кишвар иборат буда, муаллифон кӯшидаанд ва комёбиҳои мамлакатро дар солҳои соҳибистиқлолӣ рақамзанӣ намоянд. Навиштаҳои дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Сафар Эркаев – «Аҳамияти ваҳдати миллӣ», мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Муҳаммад Орифзода – «Ваҳдат ҳама дардро сипар аст» ва «Эъмори Ваҳдати миллӣ», ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ Мирсаид Раҳмонов  - «Истиқрори сулҳ-аввалин мактаби сулҳофаринӣ, созандагӣ ва худогоҳии даврони истиқлол», омӯзгорони коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Бохтар С.Қувватов – «Аҳамияти ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик», Фирӯзи Илҳом, Муҳиддин Мӯсоев – «Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст», саромӯзгори ДДЗТ ба номи  С. Улуғзода, Султонбибӣ Раҳматзода – «Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар», омӯзгор аз шаҳри Душанбе Фароғат Азизова - «Занону ҷавонон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат», директори муассисаи таълимии №68-и шаҳри Ҳисор Аҳлинисо Рӯзиева «Аз таърихи истиқлолият»,  омӯзгорони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ Умедҷон Иззатов ва Мавлуда Қудратова маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Азбаски қисмати зиёди номаҳо дертар ба идора ворид гардиданду қисмати дигар аз афкору таҳлилҳои умумию якранг ва борҳо гуфташуда таркиб ёфтаанд,  аз чопи ин матолиб худдорӣ намудем. Як силсила навиштаҳо аз хусуси усулу шеваҳои мухталифи таълимӣ дар дарсҳо нақл мекунанд. Ба гунаи мисол, мақолаи омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №72-и шаҳри Душанбе Гулнисо Бобокалонова – «Луғатомӯзӣ ва такмили хониш», мактаби №14-и ноҳияи Рӯдакӣ Оймаҳмади Пирматзод – «Ифодаёбии воҳидҳои бемуодили забони англисӣ дар вақти тарҷума», директори филиали ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш – «Такмили ихтисос – мавриди таваҷҷуҳи доимӣ», рӯзноманигор Ш.Абдулҳамид – «Масъулиятро баланд бояд бардошт», муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби №1-и ноҳияи Рӯдакӣ Низомиддин Ҷумъаев – «Мактаб – макони илму маърифат», Ҷумъагул Тоҳирова (суроға номаълум) –«Кӯдаконро чӣ гуна бояд тарбия намоем» ва чанди дигар ҳамин масоилро дар бар мегирад. Дар мақолаҳои омӯзгор аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ниёзӣ Кишваршоҳ Шоҳмирзо –«Одамӣ бо китоб бузург шавад», мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Олимбону Муқимова – «Дарси тарбиявӣ дар мавзӯи ВНМО», директори мактаби №10-и ноҳияи Ёвон С.Собиров – «Дар арсаи сиёсат» низ мавзӯъҳои тарзи ҳаёти солим, ба мутолиа фаро гирифта шудани мактабиён, ташаббусу иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар масъалаи бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар бар гирифтаанд. Собиқадори маориф, ҳамкори доимии нашрия аз мактаби №19-и ноҳияи Хуросон Шарифи Мирзоҳотам як даста навиштаҳои худро ба мо фиристодааст, ки бештар дар хусуси ҳусну қубҳи китобу барномаҳои таълимӣ баҳс мекунад. Аз ин байн ду мақолаи Ш.Мирзоҳотам таҳти унвони «Кадоме аз ин нигоштаҳо боварибахшанд?» ва «Чаро санаю гуфторҳо мухталифанд?» ба нашр нарасиданд, зеро дар онҳо муаллиф саргарми далелу маълумот шуда, ба масъалаҳои ҷузъӣ дахл кардааст, ки аҳамияти барҷаста надоранд.

Ҳамин тавр, мақолаҳои омӯзгорони химияи мактаби №42-и ноҳияи Фирдавсӣ Қурбонбӣ Умарова дар бораи омӯзиши амиқи фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мактаби №36-и ноҳияи Рӯдакӣ М.Зоирова перомуни ҷойгоҳу рисолати касби омӯзгорӣ, Аминҷон Маҳкамов дар хусуси фаъолияти устоди ДДБ ба номи Н.Хусрав Оқбой Савриев, Шараф Боқӣ, Шабистон Шарифова, Амон Раҳимов ва Сулҳиддин Тилабов дар боби заҳматҳои чандинсолаи омӯзгор Парвина Аҳмедова аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, собиқадори маориф, устоди факултаи санъати ДДХ ба номи Б.Ғафуров Тоҳир Назаров бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, навиштаи бесуроға дар бораи 22 апрел - рӯзи  Замин ва чанди дигар хотирмонанд. Чун анъана ба нишонии ҳафтанома шеъру ҳикоя ва таронаҳои эҷодкардаи устодону омӯзгорон ворид гардидаанд, ки дар мавзӯъҳои гуногун таълиф шудаанд. Ҳикояҳои Фидоӣ – «Шӯрбахт», Раҳим Қобилов – «Қасоси ишқ» ва «Подоши некӣ» бо забони содаву равон иншо шуда, мураккабию мушкилиҳои ҳаёти ҳамзамонони моро дар лаҳзаҳои мухталиф инъикос  намудаанд. Вале бояд зикр кард, ки ҳар се ҳикоя ба таҳриру коркарди ҷиддӣ ниёз доранд, мавзӯи онҳо нав нест, ҷамъбасти ғоявии навиштаҳо сатҳию рӯякӣ буда, муаллифон ба раванди мантиқии инкишофи воқеаҳо таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд.

Як «дард»-и куҳнаи иддае аз муаллифон  (барои бори нахуст ному насаби эшонро ин ҷо зикр карданӣ нестем) дар он зоҳир мегардад, ки як маводи навиштаи худро ба якчанд нашрия мефиристанд. Ҳамон навиштаи онҳоро дар нашрияи «Омӯзгор» низ ба табъ мерасонанд. Хуб мешуд, ки ин муаллифон мақолаи худро дар як нашрия ба табъ расонанд. Дигар ин ки бахши аъзами навиштаҳо ба талаби рӯз ҷавобгӯ набуда, андешаҳои умумию забонзадаро фаро гирифтаанд. Аз  ин рӯ, аз устодону омӯзгорон хоҳиши онро дорем, ки дар иншои мақолаю матолиб ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд, аз қавли мардумӣ, «ҳафт бор чен карда, як бор бибуранд». Барои сухану андешаи тоза ва пешниҳодҳои манфиатманду ҷолиб гуфтан кӯшиш бояд кард.

Ин заҳмату талошҳо бар абас нахоҳанд рафт. Нависед, занг занед, мо интизори номаҳои шумоем, устодону омӯзгорони азиз!

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш