Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус ширкат намуданд.
Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Мумин Шарифзода оғоз бахшид. Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел давлату ҳукумати Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳу сифати ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри танзими таҳсилоти олии касбӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, ба манбаи асосии таълиму тадрис ва омода намудани мутахассисони баландсавияи дар бозори меҳнат рақобатпазир табдил додани муассисаҳои таълимию илмии кишвар ҷаҳду талош дорад. Бо истифода аз шароити фароҳамоварда дар самти ташаккул ва рушди робитаҳои байналхалқӣ равобити мактабҳои олии кишвар бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатҳои хориҷӣ густариш ёфт ва дар ин замина, сифати таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуда, дипломҳо дар сатҳи байналхалқӣ эътироф гаштанд.
Дар ин раванд Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дарназардошти самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Натиҷаи ҳамкориҳо дар асоси созишномаҳои тарафайн ба табодули раванди тахассусҳо, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати таҳсилот, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита бо тадқиқоти илмӣ анҷоми корҳои илмию тадқиқотии муштарак, аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ ҷалб кардани магистрҳо, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, кумак барои баланд бардоштани дараҷаи илмии ихтисосии устодону олимон, иштирок дар конфронсҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқотӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғайра мусоидат намуда, ба иқтидори илмӣ, таълимии донишгоҳ таҳким бахшидааст.
Ҳамчунин, дар конфронс иштирокдорон доир ба мақсад, вазифа ва ҳадафи он, омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсил ва ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳо суханронӣ карданд. Ҳамин тариқ, конфронси мазкур дар 5 бахш ҷараён ёфт ва дар онҳо беш аз 100 маърӯза шунида шуд.
Дар конфронс масъалаи густариши робитаҳои байналмилалӣ омили муҳими воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, нақши табодули академӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил, ҳамкории самараноки мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ: муаммо ва дурнамо, раванди байналмилаликунонӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими инкишофи таҳсилоти миллӣ, аккредитатсияи байналмилалӣ- кафолати сифати таҳсилоти олӣ, технологияи инноватсионӣ дар фазои таълимии ҷаҳонӣ, муаммоҳои умумии таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Меҳмонони ҳамоиш мавзеъҳои хушманзари шаҳрро тамошо карда, таассуроти нек бардоштанд.
Н.Охунзода,
Н.Раҷабзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр