Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз шахсиятҳои наҷиб

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Ба нашр расидану дастраси хонандагон гардидани ҳар китоби хуб ҳодисаест гуворову нишотбахш барои аҳли адаб ва умуман, доираи васеи хонандагон. Ҳар китоби нав дунёи нав аст, донишафзою раҳнамои дигар аст, василаест барои вусъати доираи назари аҳли ҷомеа.

Ҳар китоби нав ба гунаи равзанаи тозаест, ки тавассути он хонанда ба муҳити навини воқеият менигарад ва аз таассуроту бинишҳои вижае бархӯрдор мешавад. Аз ин ҷост, ки нависандаи барҷастаи фаронсавӣ  Виктор Ҳуго гуфтааст: «Бояд ки сафҳаҳои  китоб ба  рӯи ҳама боз бошанд. Ҳар ҷо  ки манзиле ҳаст, ҳар ҷо ки башар ҳаст, он ҷо ҳатман китоб низ бояд бошад». Хушбахтона, солҳои охир дар кишвари маҳбуби мо нашри китоб вусъати тоза пайдо кардаасту пайваста китобҳои нав рӯи дасти хонандагон гузошта  мешаванд, ки аксари онҳо пурмуҳтавою хонданӣ ва рӯйдоди дилпазир дар муҳити адабианд. Китоби муҳаққиқ ва адабиётшиноси  шинохта, профессор  Абдусамади Мулло «Чеҳраҳои адабӣ»-ро, ки чанде пеш дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расид, метавон дар радифи  чунин китобҳо гузошт. Дар ин китоб муаллиф бисту панҷ мақолаи тозатаълифи хешро мутобиқ ба мазмуну мундариҷаашон ба чаҳор бахш («Истиқболи истиқлол», «Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ», «Афкори рангин», «Чеҳраҳои ибратомӯз») тақсим намуда, пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ бинмудааст. Дар пешгуфтори китоб, ки ба қалами олими номвар, ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ мутааллиқ аст, мавзӯъҳои меҳварии китоб, моҳияту аҳамият ва сатҳи таълифи мақолаҳо ба таври фишурда тавзеҳ бахшида шудааст. Муаллифи пешгуфтор ба он назар аст, ки «тавассути шинохти чеҳраҳои адабӣ ва ҷусторҳои фардияти эҷодии адибон ва донишмандон таҷассуми бадеии воқеияти давраи муайяни таърихӣ ва марҳилаи ҳассоси сарнавишти таърихии халқ, моҳияти андеша ҷаҳонбинӣ ва махсусияти ҷустуҷӯҳои бадеӣ дар қаринаи таърихию фарҳангӣ равшан гардидааст». Воқеияти ин гуфторҳо, пеш аз ҳама, дар нахустмақолаи китоб – «Чеҳраи мондагор ва соҳибқирони даврон» собит шудааст. Мақолаи мазкур андешаҳои ҳақиқатбунёди муаллифро оид ба нақши барҷаставу тақдирсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, ба вижа, дар арсаҳои илму адабу маориф фаро мегирад. Олими адабиётшинос, ки нисбат ба рӯйдодҳои замон ва таҳаввулоту созандагиҳо дар Ватани маҳбуб бетараф нест, пас аз зикри хидматҳои қаҳрамононаву башарпарваронаи Сарвари кишвар ва таъкиду тавзеҳи нақши онҳо дар таҳким ёфтану устувору безавол гардидани истиқлоли давлатии тоҷикон, ҳамчун як узви ин ҷомеаи тамаддунпарвар ва ҳамчун як шаҳрванди ватанпарасту ифтихорманд гуфтаҳояшро чунин хулоса мекунад: «Дар ҳақиқат, тавассути соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва пешрафти илму маориф ормонҳои дерину ҳадафҳои наҷиби созандагиамон амалӣ гаштанд… Акнун мебояд, ки ҳамагон садоқатмандона ба хотири ободиву осоиштагӣ ва пешрафти Ватани азизамон ҷидду ҷаҳд намоем ва фардои ҷомеаро, ки аз дониш ва фарҳангу маънавиёти насли наврас вобастагӣ дорад, шукуфотар гардонем». Ин даъват аслан як навъ ҳамовозист ба ҳидоятҳои ғамхоронаву ватандӯстонаи Пешвои миллати арҷмандамон.

Дар мақолаи хеле ҷолиби «Илм аз сомони  ишқи  зиндагист» хонандагон аз мулоҳизоту андешаҳои  муфиди муаллиф перомуни мақому мартабаи илм ва афроди донишманд, нақли илм дар шукуфоиву пешрафти ҷомеа, аҳамияти ривоҷи илм ва ташреҳи гуфтаҳои ҳикматрези бузургон дар ситоиши аҳли илму хирад бархӯрдор мешаванд ва бад-ин васила таваҷҷуҳу эҳтиромашон ба илму дониш бештар мегардад. Адабиётшиноси моҳиятбин барҳақ таъкид менамояд, ки тоҷикон табиатан мардуми илмдӯст буданду ба уламою удабо арҷгузорӣ мекарданд, илмомӯзиро шарафу ифтихор медонистанд ва фарзандонро ҳамвора панд медоданд ки «дониш талабу бузургӣ омӯз». Шоири хирадсолори халқи тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ басо некуву муассиру башира гуфтааст:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

Хулосаи мақолаи мазкур ин аст, ки «чун инсон бо силоҳи илму мантиқ мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ ҳукм мекунад, бо шуҷоат ва шаҳомат аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагӣ роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд», зеро нек дармеёбаду сахт имон меоварад, ки «он чиз, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст».

Ончунонки аз номи китоб («Чеҳраҳои адабӣ») бармеояд, муҳтавои меҳварии он марбут ба ситоишу баррасӣ ва тавзеҳбахшии хидматҳои судманду самарбору ифтихорбарангези як қатор шахсиятҳои нуфузманду маъруфи кишвар мебошад. Ҳамбаста ба ин дар китоб перомуни  фаъолияти мондагори шахсиятҳои варзидае, чун Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Аббос Алиев, Абдулғанӣ Мирзоев, Расул Ҳодизода, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ… андешаҳои ҷолибу воқеъбинона иброз шудаанд. Чанде аз мақолаҳои китоб ба тавзеҳи лаҳзаҳои фаъолияти пурбори зумрае аз адибони номвар, олимону устодони муътабари ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Аскар Ҳаким, Наҷмӣ Сайфиев, Раҳим Додихудоев, Саидраҳмон Саидов, Мирзо Аҳмадов бахшида шудаанд ва хеле ибратомӯзанд. Хонанда бо мутолиаи ин силсилаи мақолаҳо, бешак, ҳамақидаву мувофиқ ба муаллиф мешавад, ки ҷое навиштааст: «Шинохти  инсонҳои наҷиб шафоатангез аст. Фаъолияти чунин афрод ва зиндагиномаи эшон пурҳикмат ва намунаи ибрат буда, ҳамагонро ба некукориву донишандӯзӣ ва фазилатмандӣ ҳидоят менамояд».

Андешаву тавзеҳгариву хулосагириҳои муаллиф дар мақолаҳои «Таҷниси калимаи «сар» дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ», «Наврӯз – ҷашни фархунда ва фараҳафзои ниёгон», «Васфи Наврӯз ва хуррамиҳои табиат дар ашъори Нақибхони Туғрал» шоистаи таваҷҷуҳ ва печида ба тозагӯиҳои муҳаққиқонаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки Абдусамади Мулло (доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олии Россия) аз олимону устодони фаъолу пуркори ҷумҳурӣ буда, беш аз сӣ китоб дар бахшҳои илму адаб, мактабу маориф, усулҳои фаъоли таълим таълиф намудааст. Китоби дастурию методии  ӯ «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» мададгору раҳнамои ҳамешагии омӯзгорони адабиёти тоҷик буда, дар заминаи тозатарин комёбиҳои илми методикаи таълим нигошта шудааст. Китоби нави ин олими варзида «Чеҳраҳои адабӣ» низ дар қатори муҳаққиқону адабиётшиносон ба аҳли таълиму тарбия дастуре судманд хоҳад буд.

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш