Нашрияи Омӯзгор

Адаб беҳтар аз ганҷи қорун бувад

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

Дар таълимгоҳи мо мунтазам чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Вобаста ба ҷашну маросимҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ конфронсу суҳбатҳо, озмунҳои гуногун доир мегарданд ва дар онҳо устодону толибилмон фаъолона ширкат меварзанд.

Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!” байни хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 гузаронида шуд. Ҳамзамон, ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ озмуни беҳтарин рӯзномаи деворӣ бо номи “Тоҷикистон - хонаи умеди мо ”ташкил карда шуд, ки дар он рӯзномаҳои таҳиянамудаи хонандагон Фарзона Ёрова, Дилноза Исоева, Анора Наҷмиддинова, Шукрона Саидзода, Фотима Назарова, Бибиомина Ахмедова, Муҳандис Саъдуллозода, Муҳаммад Зоиров, Хурсанд Азизов ва Рамзаншо Сангимуродзода беҳтарин ҳисобида шуданд. Ҳадаф аз гузаронидани чунин озмунҳо баланд бардоштани маърифати насли наврас ва шавқу завқи хонандагон мебошад.

Дар баргузории чорабиниҳои оммавӣ саҳми Созмони хонандагони муассиса калон аст. Бо иқдоми ин созмон амалиёти “Портфолио”, “Пурсишнома” ва санҷишҳо оид ба риояи сару либоси ягонаи мактабӣ гузаронида шуда, натиҷаи онҳо таҳлил ва баррасӣ гардид.

Фаъолияти муассиса дар самти амалӣ кардани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” низ назаррас аст. Барои иҷроиши қарори мазкур дар муассиса фармоиш ва нақша-чорабиниҳои махсус омода гаштаасту давра ба давра амалӣ мегардад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи забономӯзии хонандагон, дарёфт намудани хонандагони соҳиблаёқат дар доираи иҷрои талаботи қарори мазкур аз тарафи иттиҳодияи методии омӯзгорони забони русӣ фестивали вижа ташкил ва гузаронида шуд.

Озмунҳои “Хушнависон”, “Китобхони беҳтарин”, “Шоҳномахонӣ”, “Рӯдакихонӣ”, “Лоиқхонӣ” ва конфронси илмию адабӣ бахшида ба гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода тавонистанд, ки муаррифи кори хуби иттиҳодияи методии забон ва адабиёт гардад.

Дар муассиса баргузории мусобиқаҳои варзишӣ низ ба ҳукми анъана даромадааст.

Таъсири дарсҳои кушоди тарбиявӣ дар донишазхудкунии хонандагон калон аст. Чунин дарсҳо аз тарафи омӯзгорон Р. Холова, С. Аҳмадов, М. Наҷмиддинов, Л.  Амиршоева, З. Асоева, М. Гиёзода ва чанде дигар диққатҷалбкунанда гузаронида шуданд.

Дар шароити ҷаҳони муосир масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон аҳамияти муҳим касб кардааст. Зеро имрӯз дар саросари дунё мухолифатҳо зиёд ва муносибатҳо тезутунд шудаанд. Дар баробари ин, тарғиби бадахлоқию фарҳанги бегона авҷ гирифтааст. Махсусан, наврасону ҷавонон бештар ба гирдоби фитнаю фиреб меафтанд.

 

Маҳмадсиддиқ МИРЗОЕВ,

муовини директор оид ба тарбия

дар мактаби №48-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш