Нашрияи Омӯзгор

Худомӯзии омӯзгор

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 886        Шарҳ: 0

Мехоҳам дар атрофи мавзӯи худомӯзии омӯзгор дар замони муосир андешаҳои худро иброз намоям.

Омӯзгорро ба худомӯзи, пеш аз ҳама, объекте, ки ӯ мунтазам бо он сару кор дорад, водор месозад. Ин объект кӯдаке мебошад, ки мудом дар инкишоф ва ташнаи омӯхтани дониш аст. Омили дигари муҳиме, ки омӯзгорро ба худомӯзии пайваста ҳидоят мекунад, инкишофи босуръати илму техника мебошад ва ниҳоят, боз як омили худомӯзии омӯзгор эҳтиром ва ифтихор аз касбаш мебошад.

Худомӯзии омӯзгор бояд дар се самт, ки ба хусусиятҳои касбии вай алоқамандии зич доранд, амалӣ гардад.

Якум, бояд омӯзгор устоди ҳақиқии касби хеш бошад, яъне касби худро хуб донад ва дар иртибот бо ин дониши мукаммали касбӣ дошта бошад. Шахсе, ки дониши комил надорад, чи гуна қодир аст ба дигарон дониш омӯзад?

Муаллим бояд аз тамоми адабиёти зарурӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» огаҳии пурра дошта бошад. Матбуоти даврӣ низ ҳамеша бояд рӯи дасти омӯзгор қарор бигирад. Бахусус, нашрияҳои «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» мададгори ҳамешагии омӯзгоранд.

Самти дуюми худомӯзии омӯзгор ҷӯстуҷӯ ва дарёфти роҳҳову усулҳои нав ба нави таълиму тарбия мебошад. Агар мо, омӯзгорон, дониши хуби касбӣ дошта бошем, бояд хуб донем, ки ин донишро ба хонандагон чӣ гуна ва ба кадом тарзу усул бидиҳем.

Мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, аз фаъолгардонӣ, мунтазам хондан, хониши мустақилона, кор бо луғатҳо, гузаронидани бозиҳо, арзёбӣ намудан, ба роҳ мондани таълим дар асоси стандартҳои нави таълимӣ, машғулиятҳои мустақилонаи гурӯҳӣ, кори лоиҳавӣ, низоми таълим, хондани матнҳои бадеӣ, истифодаи шеърҳо, чистонҳо, пандҳо ва зарбулмасалҳо, дарсҳои хониши берун аз синфӣ, дарсҳои омӯзишӣ ва корҳои хаттӣ барин ҷанбаҳои таълиму тарбия бояд васеъ ва бамаврид истифода барем.

Яке аз василаҳои асосии худомӯзии омӯзгор кор бо луғатҳо ва истифодаи онҳо бо шогирдон мебошад. Луғатомӯзи дар мактаби ибтидоӣ яке аз қисмҳои асосии кори таълим буда, дар соҳаи инкишофи нутқ ва ба хотир гирифтан нақши муҳим мебозад.

Зебунисо ДАВЛАТОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш