Нашрияи Омӯзгор

Китоби забони англисӣ бояд шавқовар бошад

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони англисӣ дар замони муосир барои насли наврас ва ҷавонон зарур аст. Бо хуб донистани забони хориҷӣ кас ҳангоми мусофират ба кишварҳои гуногун ба монеаҳо дучор намегардад, озод ҳарф мезанад ва худро осудаву бофароғат эҳсос менамояд.

Аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки соати дарсии забони англисӣ дар мактабҳо зиёд карда шаванд, чунки дар як ҳафта ду соат хеле кам аст. Барои ҳамаи мавзӯъҳоро фаҳмондан вақт камӣ мекунад. Омӯзгорон аз нарасидани китобҳои дарсӣ низ танқисӣ мекашанд. Китобҳои дарсӣ барои синфҳои 4, 5, 6, ва 8 хубу фаҳмо навишта шудаанд. Дар онҳо машқҳои зиёди грамматикӣ, бозиҳои ҳархела ва матнҳои кӯтоҳи фаҳмою шавқовар оварда шудааст, вале дар китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 7,9,10,11 ин усулу шева, мутаассифона, кам ба чашм мерасад. Хуб мешуд, ки дар китобҳои дарсии «Забони англисӣ» маълумот дар бораи идҳои миллӣ, шоиру нависандагони тоҷик, ҳунарпешаву варзишгарон ва дигар шахсони машҳури фарҳангӣ бо шеърҳову расмҳояшон ҷой дода шавад. Инчунин, бозиҳои шавқовар, ба монанди кроссворд ва дигар бозиҳо, грамматика бо қоидаву машқҳояш оварда мешуд дарсҳо хеле шавқовар мегузаштанд, хонанда хастагии худро ҳис намекард, сатҳу сифати дониши хонандагон низ баланд мегардид. Ин камбудиҳои китоб на танҳо дар мактабҳои миёна, балки дар макотиби олӣ низ дида мешавад. Китобҳои навиштаи олимон бисёранд, вале ягона китоби дарсӣ маъруф ба номи Бонк аст, ки онро аз асри гузашта истифода бурда истодаем. Акнун ин китоб қобили қабули донишҷӯён дар замони муосир нест. Онҳо бештар аз китобҳое, ба монанди «Headway» меомӯзанд. Чунки ин китоб шавқовар аст. Беҳ мебуд, ки чунин китобҳои дарсиро олимони худамон таълиф бикунанд.

Маҳмадшо ШАРИФЗОДА,

омӯзгори мактаби №48-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш