Нашрияи Омӯзгор

Ислоҳоти соҳаи маориф дар мадди аввал

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «Ояндаи мамлакат аз фаъолият ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт,  ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи замонро ба  воя  расонад, пеш равад ва дар  ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Сарвари давлат бештар ба сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳ зоҳир карда, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замонро муҳим мешуморанд. 

Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид.

То  солҳои наздик мақсади омӯзиш  дар  муассисаҳои таълимӣ  аз  пешниҳоди донишҳои тайёр ба хонандагон иборат  буд.  Ин  аст,  ки хонандагон танҳо дониши академӣ мегирифтанд.  Имрӯз барои ҷомеа хонандагони дорои дониш, маҳорат ва малакаҳое лозиманд, ки масъалаҳо,  проблемаҳои касбӣ ва ҳаётиро ҳал  карда тавонанд.  Вазифаи асосии омӯзгор омода намудани хонандагон ба дарёфти воситаҳо ва роҳи ҳалли душвориҳои ҳаётӣ ва ҷамъиятии пешомада мебошад. Калиди ҳамагуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии  ӯ ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод,  ки ҳадафи асосии тадриси фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимӣ танҳо хондан ва навиштан нест, балки тадриси онҳо ба инкишоф додани салоҳият, эҷодкорӣ, тадқиқот нигаронида шуда, дониши назариявии хонандагонро баланд бардошта, барои ба корҳои беруназсинфӣ ҷалб намудани онҳо мусоидат мекунанд. Масалан, мақсади корҳои беруназсинфӣ дар дарси география омӯхтан ва донистани табиат, пайдо кардани муҳаббат ба Ватани азиз маҳсуб ёфта, дар бораи маҳалли худ, хоҷагии халқ, иқтисодиёт, фарҳанг аз ҷиҳати илмӣ маълумот пайдо карда, оқилона истифодабарии сарватҳои табииро аз худ намуда, роҳҳои муҳофизати онҳоро дарёфт намоем. Хонандагон бояд дар  баробари андухтани дониш эҷодкору муҳаққиқ ва навовар бошанд. Аз ин  лиҳоз,  бо истифода  аз  усулҳои фаъоли замонавии таълим омӯзгор бояд  дар  дарс вазъияти проблемавиро ба амал оварда,  дар  ташаккул додани эҷодкории шогирдон моҳирона мусоидат намояд.

Ниёзшо РАМАТШОЕВ,

омӯзгори мактаби №12-и

ноҳияи Роштқалъа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш