Нашрияи Омӯзгор

Саводнокии касбӣ - омили паст намудани сатҳи камбизоатӣ

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

22 июни соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Усмонзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон С. Икромӣ, муовини раиси ноҳияи Хуросон Н.Почозода, директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна Б.Сатторӣ, намояндагони вазоратҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони дигар ташкилоту идораҳо семинари ҷамъбастӣ оид ба шарҳи натиҷа ва дастовардҳои Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур шарҳи натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон”, баррасии донишҳои андӯхта, таҷрибаи ба дастовардашуда ва масъалаҳои беҳтар намудани татбиқи лоиҳаҳои минбаъда унвон карда шуд.

Дар семинар масъалаҳо оид ба шарҳи натиҷаҳои татбиқи лоиҳа, таъмини устувории натиҷаҳои татбиқи лоиҳа дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи натиҷаҳои татбиқ дар раванди таълими касбии муассисаҳои  Возорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, шарҳи натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда ҷиҳати маблағгузории хурд мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ,таъмини истифодаи Маркази касбомӯзӣ ва рушди омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Хуросон ва натиҷаҳои омӯзиши касбӣ ва дастрасӣ ба шуғли пурмаҳсул вобаста ба татбиқи барномаи VOLIP баррасӣ гардиданд. Доир ба масълаҳои зикргардида Фатҳиддин Усмонзода, муовини вазири маориф ва илм, Раҷабалӣ Гулшанзода, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Нуринисо Почозода, муовини раиси ноҳияи Хуросон, Аслам Раҳимов, директори Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон баромад карданд.

Қайд карда шуд, ки татбиқи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд роҳандозӣ гардида буд, бомуваффақият ба анҷом расид. Мақсади асосии лоиҳа паст намудани сатҳи камбизоатӣ, хусусан байни ҷавонони аз 15 то 24-сола ва занони деҳот аз 24 то 49-сола, тариқи омӯзиши касбӣ ва дастгирии молиявӣ ҷиҳати таъмин  ба шуғл ва гирифтани даромад мебошад. Айни ҳол, лоиҳаи мазкур дар муҳлати мувофиқашуда пурра татбиқ гардид. Дар натиҷа, чор иншооти нав-биноҳои марказҳои нави касбомӯзӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Хуросон, Нуробод ва Муъминобод бо 960 ҷойи нави нишаст сохта шуда, ҳашт иншооти амалкунандаи биноҳои таълимӣ ва устохонаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ бо зиёда аз 2800 ҷойи нави нишаст ва аз нав барқарор ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва 37 нақшаву барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такмил дода шуда, 532 нафар омӯзгор ва устоҳои таълимии истеҳсолӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Дар охири семинар мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон ба саволҳои худ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Аҳмадшоҳи МАСЪУД,

корманди Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш