Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикон халқи ҳунарпарваранд

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Ман чун омӯзгор  барои ба шогирдон омӯхтани ҳунарҳои миллии халқи тоҷик аз тамоми имкониятҳо истифода мебарам. Дар муассисаи таълимие, ки дарс мегӯям, шогирдонам ба ҳунаромӯзи рағбати зиёд доранд.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мактабҳо ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо шогирдон аз рӯи усули анъанавии миллии устод-шогирд тарбия меёбанд. Ин равиш яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон буда, муҳаққиқ П.А.Гончарова онро дар радифи дигар усулҳои шогирдтайёркунӣ баррасӣ намудааст. Тадқиқоти ӯ ба зардӯзи – яке аз ҳунарҳое, ки густариши васеъ дорад, бахшида шудааст. Муҳаққиқ нуктаи ҷолиберо қайд мекунад, ки зардӯзӣ дар қадим аслан ҳунари мардон буд, зеро дар рӯи матоъҳои дурушту ғафс (ба монанди бахмал) сӯзан задан лозим меомад. Зайниддин Восифӣ дар ёддоштҳои худ аз ин хусус ба ин маънӣ таъкид мекунад; дар аморати Бухоро дарбори амир фармоишгари асосии маҳсулоти зардӯзӣ буд, ки ин зарурати ташкили устохонаҳоро дар назди дарбор ба миён овард. П.А.Гончарова дар бораи ташкили устохонаҳои зардузӣ, тарзи қабул ва таҳсили шогирдон, ки дар ин замина як қатор маросим риоя мешуд, маълумот медиҳад. Дар он давра садҳо нафар зардӯзи моҳир ба дӯхтани либосҳои қиматбаҳои дарбориён машғул буданд ва фақат як қисми ночизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешуд. Либосҳои бо зардӯзӣ ородода – ҷомаҳои мардона, камзӯлҳо, шалворҳо, пойафзол, тасма, каллапӯшҳо, ҷиҳози аспҳо танҳо бо фармоиши амир ва пайвандони ӯ омода мешуданд. Дигар ҳеҷ кас (ҳатто шахсони воломақом) ба чунин фармоиш ҳуқуқ надоштанд. Танҳо дар вақтҳои муайян ин гуна либосҳо аз тарафи худи амир туҳфа мешуданд.

П.А.Гончарова қайд мекунад, ки санъати зардузии бухороӣ ҳунари меросӣ буд, он аз бобо ба падар, аз падар ба писар мегузашт. Агар дар оила писар набошад, ин ҳунар ба ягон хеши наздик, масалан, ҷиян омӯзонида мешуд. Ба омӯзиши ин ҳунар писарбачаҳои 10-12- сола ва баъзан калонтарро ҷалб мекарданд. Ба шогирдӣ додани писар як рӯйдоди муҳим ба шумор мерафт.

Падар ё хеши наздики писарбача бо як табақ хӯроки махсус ва ҳалвои тар ба назди усто рафта, розигии ӯро барои қабул мегирифт. Баъд ҳузурдоштагон хӯрокро бо ҳам мехӯрданду чун рамзи кушоиши кор дуо медоданд.

Усто на танҳо омӯхтани ҳунар, балки хӯрондану пӯшонидани писарбачаро низ ба уҳда мегирифт. Байни устод ва шогирд ягон шартномаи хаттӣ баста намешуд, таълим бепул сурат мегирифт. Усто ба шогирд ҳунари худро зуд ёд намедод. Соли якуми таҳсили писарбача ба корҳои хона ёрӣ медод, аз ҷумла, рӯбучин мекард, об мекашонд, ба бозор мерафт ва танҳо дар вақти бекор монданаш ҳақ дошт, ки кори дӯзандагонро мушоҳида намояд. Баъди гузаштани як сол ба шогирд иҷозат дода мешуд, ки сари дукони зардӯзӣ нишинад. Барои иҷрои кор ба шогирд музд дода намешуд, муҳлати таълим муқаррар набуд ва метавонист аз 4 то 7 сол идома ёбад. Ҳолатҳое ҳам мешуданд, ки усто барои гум накардани шогирди болаёқат ӯро 8-10 сол назди худ нигоҳ медошт.

Вақте ки шогирд майлу хоҳиши мустақилона кор кардан зоҳир менамуд, ба сифати миёнарав оқсақол даъват мешуд, то ки устоҳо барои озод гаштани шогирдон розигӣ диҳанд.

Маросими устоталбон дар хонаи шогирд гузаронида шуда, усто ба арвоҳи пири миёнбандон дуо хонда, миёни шогирдро бо рӯймол баста, «Ба номи Шоҳи мардон бастам» мегуфт. Дар ин маросим, ки шогирд номи усторо мегирифт, ба муаллим сарупо туҳфа мешуд, яъне волидайни шогирд аз сар то по ба ӯ либоси нав мепӯшониданд. Ба оқсақол ва ёвари ӯ низ туҳфаҳо дода мешуд. Дар баъзе мавридҳо устодон ба шогирди камбизоат барои оғози кори мустақилона асбобҳои заруриро медоданд.

Дар замони муосир ба хотири эҳёи ҳунарҳои халқӣ мактабҳо, сехҳо, коргоҳҳои ҳунармандон ташкил мешаванд. Ин марказҳои ҳунармандӣ таҳти роҳнамоии устоҳои машҳуру боистеъдод фаъолият мебаранд.

Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамоянд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонанд. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд.

 

Дилафрӯз Худойқулова,

омӯзгори мактаби №55,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш