Нашрияи Омӯзгор

Рафъи камбудиҳо ногузир аст

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Кормандони Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб тамоми саъю кӯшиш ва фаъолияти худро барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, расонидани ёрии методӣ ва беҳтар ба роҳ мондани кори созмонҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ равона намудаанд.

Директори Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Эмомалӣ Саидамиров оид ба фаъолияти муассиса иброз дошт, ки айни замон дар муассиса 33 маҳфили ҳунаромӯзию таълимӣ ва 107 гурӯҳ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 30 нафар омӯзгор ба 1070 нафар хонанда машғулият мегузаронанд. Ҳамзамон, дар назди раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи маорифи ноҳияҳои минтақа 10 муассисаи таҳсилоти иловагӣ ташкил карда шудааст, ки аз 190 маҳфил ва 560 гурӯҳ (бо фарогирии 5831 хонандаи болаёқат) иборат мебошад. Тавре ки Э. Саидамиров иттилоъ дод, машғулиятҳои маҳфилҳо дар марказ аз сабаби нарасидани кабинетҳои таълимӣ дар ду баст ва дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб гузаронида мешаванд. Дар озмуни «Тирамоҳи заррин», «Ихтироъкори наврас» ва «Сайёҳӣ ва кишваршиносӣ», ки дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд, аъзои маҳфили МТИ сазовори ҷойи якум гардиданд. Алҳол аз 11 муассисаи таҳсилоти иловагии дар минтақаи Кӯлоб фаъолияткунанда, то имрӯз муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Ховалинг ва Данғара бинои алоҳидаи худро надошта, дар шароити душвор фаъолият доранд. Муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Ховалинг соҳиби мустақилияти молиявӣ нестанд. Дар минтақаи Кӯлоб 589 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 504 роҳбари созмонҳои хонандагон бо 266833 нафар аъзо кору фаъолият мебаранд. Аз 504 роҳбари созмонҳои хонандагон 328 нафарашон дафтари корӣ надоранд. Дар ноҳияи Балҷувон 7187 нафар хонанда дар 47 муассисаи таълимӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанду халос. Чунин ҳолат дар ноҳияҳои Ховалинг (119)нафар, Ҳамадонӣ (167)нафар ва Темурмалик (230)нафар ба чашм мерасад. Шумораи зиёди хонандагони болаёқату соҳибистеъдоди гирду атрофи муассисаҳои таълимии ин ноҳияҳо шомили маҳфили дӯстдоштаи худ шуда наметавонанд. Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Восеъ 37 маҳфили ҳунаромӯзию таълимӣ амал мекунад, ки дар онҳо 37 нафар омӯзгор ба 842 нафар хонанда аз рӯи маҳфили интихобкардаашон машғулият мегузаронанд. Фаъолияти маҳфилҳо аз сабаби нарасидани синфхонаҳо асосан дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Довуд Шоинов, директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия оид ба фаъолияти имрӯзаи муассиса иброз дошт, ки муассиса дорои 7 кабинети таълимӣ буда, қисме аз машғулиятҳо дар маҳфилҳо дар бинои асосӣ гузаронида мешаванд. Имрӯз фаъолияти Созмонҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, омӯзиш ва навгониҳоро талаб мекунад. Созмонҳои хонандагон бо утоқҳои корӣ ва атрибутикаи созмон (аз қабили парчам, нақора, шайпур ва ғайра) пурра таъмин нестанд.Ин ҳолати ногувор қариб, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа ба назар мерасад. Фаъолияти кори муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб нисбатан беҳтар ба роҳ монда шудааст. Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр бинои асосии худро дошта, дорои 6 кабинети фаннӣ ва як кабинети компютерӣ (бо 6 компютер) мебошад. Айни замон дар муассиса 32 маҳфили ҳунаромӯзию таълимӣ амал мекунад, ки дар онҳо 34 нафар омӯзгор бо 1030 нафар аъзо машғулият мегузаронанд. Қурбоналӣ Файзов, директори Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр зикр кард, ки айни замон фаъолияти кори созмонҳои хонандагон нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар буда, хонандагон дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои оид ба ҷашнҳои таърихӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои варзишӣ фаъолона ширкат меварзанд. Бояд қайд кард, ки 12 нафар роҳбари Созмонҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ бо дафтари корӣ (кабинет) таъмин нестанд. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 60 муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо 19 воҳиди корӣ фаъолият дошта, дорои бинои асосӣ ва 6 синфхона мебошад. Дар муасиса 11 маҳфили ҳунаромӯзию таълимӣ дар 16 гурӯҳ амал мекунад, ки дар онҳо 10 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 240 нафар хонанда машғуланд. Фаъолияти маҳфилҳо асосан дар муассисаҳои таълимии №1,4,8,24 ва 49 ба роҳ монда шудааст. Фаъолияти маҳфилҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ (роҳбараш Ҳилолбӣ Амонқулова) муассир мебошад. Муаллима дар муассисаи таълимии №1 кабинети дӯзандагӣ ташкил намудааст. Самти дигари фаъолияти муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия назорати фаъолияти кори созмонҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия мебошад. Фаъолияти созмонҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аз 44 нафар роҳбари созмонҳои талабагӣ танҳо 4 нафар (дар муассисаҳои таълимии № 12,15, 38 ва 49) бо ҳуҷраҳои кории алоҳида таъмин карда шуданду халос. Дар ноҳия дар 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ созмонҳои талабагӣ умуман амал намекунанд. Фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Фархор шоистаи таҳсин аст. Гулҷаҳон Тоҷиддинова, директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия изҳор дошт, ки дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия 28 маҳфили хунаромӯзию таълимӣ амал мекунад, ки дар онҳо 28 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 1120 нафар хонанда машғуланд. Фаъолияти созмонҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба низом дароварда шуда бошад ҳам, вале ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Аз 61 созмони хонандагон дар 19 муассисаи таълимии ноҳия барои фаъолияти онҳо ҳуҷраҳои кории алоҳида ҷудо карда шудаасту халос.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш