Нашрияи Омӯзгор

Шуғнон дар остонаи ду ҷашн

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад, -  қайд намуд раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ноҳия дар давоми солҳои 2020 -2021 сохтмони  44 иншооти гуногунсамт ба маблағи беш аз 74 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар давоми соли ҷорӣ 26 иншооти самти иҷтимоӣ ва иқтисодидошта бо арзиши тақрибан 10 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Зикр бояд намуд, ки дар сафари қаблӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави дуошёнаи мактаби рақами 11 дар Ҷамоати деҳоти Поршинев мавриди истифода қарор дода шуд. Бо чунин тарҳи замонавию муҷаҳҳаз бинои мактаби рақами 28 барои 460 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Навобод ва моҳи апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва намояндагони шарикони рушд бинои нави муассисаи таҳсилоти асосии рақами 17- и деҳаи Спинзи Ҷамоати деҳоти Сучон мавриди истифода қарор гирифт.

- Ҳамин тавр, солҳои охир қариб ҳамаи 56 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия дар биноҳои нави таълимӣ фаъолият дошта, бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин гардидаанд. Ҳамасола бештар аз 90 фоизи хатмкунандагони таълимгоҳҳои ноҳия  ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷи он дохил шуда, таҳсилро бомуваффақият идома медиҳанд.

Ҷ. Қозибеков, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш