Аз Паёми имсола маълум гардид, ки соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ барои 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.
Дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» мушкилоти муассисаҳои таълимие, ки дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо фаоълият менамуданд, пурра бартараф карда шуд. Муваффақиятҳои дар самти сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери кумаку дастгириҳои Пешвои миллат ба даст овардаем, боиси таҳсин мебошанд ва бе муболиға метавон қайд намоем, ки ин қадар муваффақиятро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овардан аз имкон берун буд.
Бо вуҷуди дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз сатҳу сифати таълиму тарбия ба талабот ҷавобгӯ нест. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад. Инчунин, назорати азхудкунӣ донишҳои замонавиро пурзур гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия намудани насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва арзишҳои миллӣ моро лозим меояд, ки онҳоро ба мутолиаи китоб ҷалб намоем. Вобаста ба ин масъала, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»…-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказӣ чораҷӯӣ карда шавад. Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро дар се самт васеъ ба роҳ монанд.
Ҳамаи ин кумаку ғамхориҳои давлату Ҳукумат моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори ҷаҳонии меҳнат тамоми чораҳоро андешем.
Ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Паёмро сармашқи кори худ намуда, баҳри беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландпояи илмию омӯзгорӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.
Парвиз Лоиқов,
Зулфия Ҷиёнзода,
устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр