Нашрияи Омӯзгор

Довталабони ДМТ - ғолиби даври ниҳоӣ

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

22-23-юми июни  соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар он аз 39 муассисаи  таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  донишҷӯёни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 12 фанни таълимӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология  –  экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа ва сиёсатшиносӣ) байни ҳам сабқат карданд.

Дар оғози олимпиада  муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода таъкид намуд, ки  мақсад аз баргузории озмун таблиғи донишҳои назариявӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани неруи ақлӣ, баланд бардоштани савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.

Сипас, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Фахриддин Ҳайдаров довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории озмун шинос намуд.

Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯён аз фанҳои  забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ иншо ва эссе навишта, аз фанҳои дигар аз рӯи саволномаҳои тестӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.

Дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси  ҳайати ҳакамон аз фанни математика   Абдулло Мирзоев зимни суҳбат қайд намуд, ки хуб мешуд, масъулин, пеш аз он ки ҳайати доваронро созмон бидиҳанд, аввал онҳоро бо саволномаҳо ошно намоянд ва мутахассисон саволномаҳоро бисанҷанд, то дар онҳо ба хатоҳо роҳ дода нашавад. Масалан, дар саволномаҳои тестии фанни  математика баъзе саволҳо ҷавоб надоранд ё  ҷавобҳо хато пешниҳод шуда ё ду - то ҷавоби якхела пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин, саволҳои пешниҳодшуда аз фанни математика бисёр одӣ буданд, ки ба гумони ман, дар сатҳи озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод кардани ин гуна суолҳо хуб нест.  Аз фанни мазкур 1 нафар 96 хол ва ду нафар 92 хол ба даст оварданд. Барои довталабоне, ки 92 - холӣ ба даст оварда буданд,  боз 5 саволи иловагӣ пешниҳод кардам ва дар давоми 10  дақиқа  ҳардуяшон пурра саволҳоро ҳал намуданд.  Дар навбати дуюм ду мисоли мураккабтар пешниҳод кардам. Довталаб аз филиали ДДМ ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе нисбат ба донишҷӯйи Донишкадаи политехникии ДТТ дар шаҳри Хуҷанд хубтар фаъолият нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардид.  Дар олимпидаи мазкур аз фанни математика 25 савол пешниҳод гардид, ки ин хеле кам аст. Зеро дар муассисаҳои олии касбӣ барои иҷрои саволҳои мазкур 25 дақиқа вақт дода мешавад.  Хуб мебуд, ки ҳадди ақал 50 савол берун аз доираи барномаҳои таълимӣ пешниҳод карда мешуд. Ростӣ, иштироки довталабон аз фанни математика моро  қаноатманд кард, чунки бештари донишҷӯён тавонистанд ба аксари  саволҳои пешниҳодшуда посух гӯянд. Лекин ҳанӯз ҳам донишҷӯёни тасодуфӣ ба олимпида роҳ ёфтаанд, ки камтар аз 50 холӣ ба даст оварданд. Пешниҳод мекунам, ки масъулини муассисаҳои олии кишвар ба вусъат додани  гурӯҳи олимпӣ талош намоянд ва устодон китобҳои махсус оид ба олимпиада таълиф намоянд, то донишҷӯён тавонанд бо донишу савод ва фаҳмишу тафаккури баланди худ  кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. 

Рустам Тағоймуродов, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДҚ ба номи Носири Хусрав, раиси ҳайати ҳакамон аз забон ва адабиёт,  иброз дошт, ки аз фанҳои забон ва адабиёти  тоҷик донишҷӯён асосан ба ғалатҳои имлоӣ роҳ доданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо  аз фарҳанги нави имлои забони тоҷикӣ пурра огоҳ нестанд. Ба фаъолияти донишҷӯён одилона ва шаффоф баҳогузорӣ карда шуд, ки қаноатмандии довталабон далели гуфтаҳои болост. Мутаассифона, дар навиштаҳои довталабон ҳама намуди ғалатҳо – услубӣ, грамматикӣ ва имлоӣ дида мешавад. Ба андешаи мо, миқдори омӯзиши дарси имлои забони тоҷикӣ дар ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик  зиёд карда шавад, барои беҳтар азхуд намудани имло ва баланд гардидани сатҳи забондонии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард. Аз 6 номгӯи иншои пешниҳодгардида аксари донишҷӯён иншои озод навиштанд, зеро навиштани он нисбатан ба иншои китобӣ осон аст. Дар навиштани иншои китобӣ донишҷӯро мебояд асарҳои шоирон, ғояву муҳтаво ва консепсияи бадеии онро амиқу рӯшан таҳлил намояд. Сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии довталабон яксон нест. Саволҳои тест асосан аз адабиёт пешниҳод гардида буданд. Хуб мешуд, ки дар баробари фанни адабиёт аз забони тоҷикӣ низ саволҳои тестӣ пешниҳод карда шавад.

Шоистаи таъкид аст, ки аз ҳамаи фанҳои таълимӣ байни донишҷӯёну омӯзгорон баҳсҳои тӯлонӣ ҷараён гирифтанд. Барои ғолибро муайян намудани ҳакамон чандин бор баҳсҳо ташкил карда шуд. Аз фанни таърих 7 нафар довталаб  холҳои якхела ба даст оварданд, ки барои муайян намудани ғолиб ба онҳо 15 - саволӣ дода шуд. Аз ҳафт нафар боз ду нафар холҳои баландро соҳиб гардиданд, ки довталабони мазкур  аз ДМТ ва  аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ буданд. Аз ин рӯ, ҳайати ҳакамон ба хулосае омаданд, ки барои муайян намудани ғолиб боз 10 саволи иловагии мураккабтар дода шавад. Дар натиҷа донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳамаи саволҳои пешниҳодшударо пурра ҳал намуда, ғолибият  ба даст овард.  Раванди баҳсҳои илмии донишҷӯён далолат бар он мекунад, ки  донишҷӯёни тоҷик дониш, ҷаҳонибинии васеъ ва савияи баланди илмӣ  дошта, барои исбот намудани нуқтаи назари хеш талош меварзанд.

Дар ҷамъбасти озмун муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки соҳаи маориф  дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор дошта, дар муассисаҳои таълимии кишвар барои донишандӯзии муҳассилин тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Иштирокдорони олимпиада неруи зеҳнии ҷумҳуриямон мебошанд ва рушди босуботи ояндаи кишварамон аз онҳо вобастагии амиқ дорад. Сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ  дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошта, ҷавонони лаёқатманду ихтироъкор ва ташаббускор пайваста дастгирӣ меёбанд.  Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид доштанд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа дида бештар фаъол бошанд. Бояд қайд намоям, ки дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори кишварҳои шинохташуда дар сатҳи олимпиадаҳои байналмилалӣ қарор дорад. Хушбахтона, хонандагони тоҷик  дар ду соли охир  дар олимпиадаҳои бонуфузи  байналмилалӣ дастболо гардида истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳаракати олимпӣ дар кишвари мо вусъат ёфта, наврасони лаёқатманд зиёд мегарданд.

Ҳамин тариқ, дар олимпиада 12 донишҷӯ ҷои якум, 14 нафар ҷои дуюм,  15  нафар ҷои сеюмро ишғол намуданд. 19 нафар довталаб барои иштироки фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бо гирифтани  6 ҷойи аввал, 3  ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) ҷойи якум,  Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  (бо 1 ҷойи аввал ва 4 ҷойи дуюм) ҷойи дуюм  ва Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (бо 2 ҷойи якум ва 1 ҷойи сеюм)  ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  (бо 1 ҷойи якум ва 2 ҷойи дуюм)   ҷойҳои сеюму чорумро  сазовор шуданд.

Ба ғолибон муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирбобоев  дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва маблағҳои пулӣ супорид.   Инчунин, ба раёсати ДДҚ  ба номи Носири Хусрав барои ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани олимпиада Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

 

Ноилшоҳ Нурализода,

Насриддин Охунзода,

“Омӯзгор”,

Душанбе-Бохтар-Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш