Нашрияи Омӯзгор

Забони миллат дар давраи ҷаҳонишавӣ

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

Дар тамоми ҷаҳон имрӯз барои ҷовидон мондани забону фарҳанг ва бақои миллат талош мекунанд. Забонҳо бинобар аз такаллум дур монданашон ва забони дуюм қарор гирифтанашон дар байни ҷомеа аз байн мераванд ва пурра аз онҳо ном боқӣ мемонаду халос.

Новобаста аз талошу кӯшишҳо, баъди вазъ-омӯзӣ зери ҷараёнҳои нав ба нав дар ҷаҳони муосир қавмҳо ва миллатҳо низ аз байн рафта истодаанд. Омилҳои зараррасон ва хатарзо хеле зиёданд, таъсирҳои психологиву омилҳои дигари мағзшӯии аз ҷониби кишварҳои қудратхоҳ роҳандозишуда, новобаста аз хостаҳои мо таъсири худро ба мафкураи ҷомеа мегузорад. Ин, албатта, аз аввалин гомҳои суст намудани пояҳову сутунҳои тамаддуну фарҳанги қавмҳову миллатҳо мебошад.

Ҷангҳои иттилоотии тарҳрезишуда ва барномаҳои махсуси давлатҳои қудратхоҳ, ки бар зидди миллатҳо равона гардидааст, ҳамеша ба шаклгириву ҷомеасозӣ таъсир мерасонад, ки ин, албатта, барои суст гардонидани пояҳои фарҳангиву мадании миллат доғи амиқи худро мегузорад.

Чизи дигаре, ки ба амнияти забониву фарҳангӣ хатар эҷод мекунад, равандҳои тез ивазшавандаи ҷаҳони муосир мебошад. Барномаҳои таҳмилии равандсози бегонаву бар сари мардум таҳмилшуда, амсоли шаҳрмаскании ғайри меъёр, ғарбишавии босуръат, тамаддунбезорӣ, фарҳангдуздӣ мебошад, ки ҳатман таъсири манфии худро ба миллатҳову қавмҳои хурд мерасонад. Аз ҳама асосаш қавмҳое зуд фиреб мехӯранд, ки моҳият ва мақсади ин барномаҳоро саривақт дарк намекунанд. Гоҳо аз забони ҷавонон мешунавем, ки ана ҷаҳониён бо ҳамин роҳ рафтанд ва чизе аз даст надоданд. Ҳамин гуна ин барномаҳои тарҳрезишуда бо формулаҳои вижа кор мекунанд, ки таъсири манфиву зиёновари онро исбот кардан хеле душвор аст. Ҳарчанд мақсади ин барномаҳо дер боз ошкор гардидааст, аммо формулаи пинҳонии он ҳанӯз мавриди омӯзиш ва баҳогузории илмӣ қарор нагирифтааст.

Баҳрамандӣ аз ин гуна барномаҳо фақат зиён асту халос. Зеро аксарияти қавмҳое, ки думболи ин барномаҳову равандҳо рафтанд, ҳам қавмияти худро зери суол бурданд ва ҳам фарҳанги хешро аз даст доданд, ки ин бадтарин унсури суратгирифта мебошад.

Дар айни замон ҳеҷ ягон миллате аз муборизаҳои қудратхоҳон ва таҳоҷуми фарҳангӣ дар канор намондааст. Хатар ҳамеша ҳаст ва дар остон қарор гирифтани ин ҳамаро мо аллакай хуб медонем.

Аз ин рӯ, дар тарафи муқобил қарор гирифтан ва ҳимоя намудани мероси гаронбаҳои гузаштагон, фарҳанги ғанӣ, забони шевову равон басо мушкил аст ва аксарият дар ҳамин ҳолат зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст медиҳанд, ки ин оқибатҳои хуб надорад ва бояд то охир дар ҳолати ҳимоя қарор бигирад.

Чизи дигаре, ки дар ин росто мехоҳем таъкид намоем, ин пурқувват намудани неруҳои ақлонии ҷомеа мебошад. Неруҳои ақлонӣ, махсусан, қишри ҷавон, ки осебпазир аст, метавонад дар ҳолати пурра фаро гирифтани донишҳои замонавӣ ва зарурӣ бузургтарин сипар алайҳи ғояҳои бегона бошад.

Падидаҳои номатлуб, равияву ҷараёнҳои динии бегона аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб мешаванд, ки барои гумроҳ намудани ҷомеа созмон ёфтаанду имрӯз кор фармуда мешаванд.

Маҳз ҳамин ҷараёнҳои навсохт ва гуногуни мазҳабиву динӣ буданд, ки аввали солҳои 90-ум ҷиҳати гумроҳ шудани ҷавонон роҳ кушоданд. Ва ин, албатта, барои миллати тоҷик хеле гарон афтид, миллати тоҷик аз ин равандҳо бениҳоят зарар дид. Кор то ҷое расид, ки кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Лек ба бахти бузурги миллати тоҷик офтоби саодат равшан шуд. Ин ҳам бошад, ба сари курсии давлатдорӣ омадани фарди ҷасуру меҳанпараст, далеру шуҷоъ ва миллатдӯсту башардӯст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷорҷ Буш, собиқ президенти Иолати Муттаҳидаи Америка, ҳанӯз дар даврони раёсаташ дар ҳукумати Амрико перомуни ин масъала чунин изҳори назар намуда буд:

“Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати начандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд».

Хидмати бузурге, ки садсолаву ҳазорсолаҳо аз ин пас хоҳанд гуфт, ин забони коргузории давлатиро забони тоҷикӣ таъйин намудан буд ва имрӯз анқариб кулли корхонаҳо коргузории расмияшон бо забони тоҷикист ва ин хидмати бузурги Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Барои беҳтар намудани вазъи забони миллат, ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ корҳои зиёде анҷом дода шуд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот барои беҳтар намудани вазъи забони тоҷикӣ ва назорати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ аз иқдомҳои бузургест, ки анҷом дода шуд. Ҳоло дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон низ дастурҳои таълимии соҳавӣ ва рисолаҳои олимон дар бахши илм пурра ба забони тоҷикӣ таҳияву нашр гардида истодааст, ки ин ҳам ба хотири гиромидошт ва ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ мебошад.

Дар баробари падидаҳои номатлуб ва равандҳои бунёдсӯзи кишварҳои қудратхоҳ имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои бузург амалӣ шуда истодаанд, ки барои ҳифзи мероси бою ғанӣ, фарҳанги воло ва ҳимояи забони ширину гуворои тоҷикӣ равона гардидаанд. Ин ҷо метавонем аз омилҳои калидии пешрафти забони миллат дар даврони Истиқлолият ном барем, аммо фикр мекунам, ки марҳила ба марҳила рушду пешрафти забони тоҷикӣ, тағйири чашмгири навиштаву овезаҳо дар шаҳру деҳоти мамлакат, забони матбуот ва дигар расонаҳои амалкунанда худ аллакай гувоҳ аз барномаи комили Пешвои муаззами миллат баҳри ҷовидон мондани миллат ва бақои забони тоҷикӣ мебошад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз барои тамоми ҷаҳониён мактаби бузургест, ки барои ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯз истифода мешавад. Пешвои миллат барои ҳалли масоили глобалӣ ҳам пешниҳоду барномаҳои махсусро ироа менамоянд, ки ин аз башардӯстиву маҳорати баланди сиёсатмадориву тавонмандии он кас шаҳодат медиҳад.

Мухтор Фозилзода,

ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,

Муҳаммадҷон САЙИДЗОДА,

омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш