Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, борҳо таъкид кардаанд, ки сармояи инсонӣ муҳаррики пуриқтидори пешбарандаи иқтисодиёт ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар ва соҳаҳои алоҳидаи онро дар бозори ҷаҳонӣ бевосита аз мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ вобаста медонанд.
Чунончи, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 26.12.2018 таъкид доштанд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ… ва беҳбуди бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст». Дар партави ин ҳадаф Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад.
Озмуни дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки тамоюли соҳиби маълумоти олӣ шудан ҳамоно афзалтарин интихоби ояндаи худ баъд аз хатми мактаби миёна аз ҷониби ҷавонони кишвар мебошад. Ҷавонон таҳсилоти олии касбиро аз он хотир интихоб мекунанд, ки дар оянда мехоҳанд шуғли босамар ва музди меҳнати арзанда дошта, корманди салоҳиятнок ва иззатманд шаванд. Аммо гузариши мутахассиси ҷавон аз марҳалаи таҳсил ба марҳалаи шуғли хосташаванда на ҳамеша нарм ва дар вақти кӯтоҳ сурат мегирад ва ҳатто ҷустуҷӯи ҷои кори аввалин метавонад бештар аз 12 моҳ тӯл кашад.
Баҳри иҷрои дастуру супо-ришҳои Пешвои миллат ва вобаста аз мақсади роҳандозии механизми беҳтар намудани мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» бо маблағгузории Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки ҷаҳонӣ) моҳи августи соли 2018 шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро таъсис дод.
Мутобиқати таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат, яъне ҷавобгӯ будани мутахассиси дорои маълумоти миёна ва ё олии касбӣ ба ниёзу интизориҳои корфармоён яке аз масъалаҳои мубрами фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин масъала хоси танҳо кишвари мо набуда, балки аксар давлатҳои ҷаҳон ба он беш аз пеш диққат медиҳанд, зеро бозори меҳнати муосир мунтазам такмил ва таҳаввул меёбад ва мувофиқан ниёз ба мутахассисони типи наве дорад, ки ба шароитҳои зуд-зуд тағйирёбандаи бозори меҳнат созгор буда тавонанд.
Бидуни шак, мутахассисони ҷавон дар ин марҳалаи ҳаёти худ, дар марҳалае, ки дар ҷустуҷӯи шуғли якуми худ ҳастанд, ба кумак, дастгирӣ ва мусоидати аҳли оила, муассисаи таълимии хатмкардаашон, мақомоти гуногуни давлатӣ ва албатта, корфармоён ниёз доранд. Барои ҳамоҳанг сохтани кӯшишу талоши тамоми тарафҳои ҳавасманд ҷиҳати мусоидат намудан ба мутахассисони ҷавон баҳри воридшавии беҳтари онҳо ба бозори меҳнат омӯхтану ошкор кардани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт лозим аст. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ин вазифаи муҳимро ба дӯши шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии миёна ва олии касбӣ вогузор намуд.
Омӯзиши мутобиқати таҳси-лоти миёна ва олии касбӣ ба бозори меҳнат, пурзӯр намудани робитаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корфармоён, ба инобат гирифтани ниёзу эҳтиёҷот ва интизориҳои корфармоён аз мутахассисон, мусоидат намудан ба ворид шудани мутахассисони ҷавон ба бозори меҳнат аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимӣ ва умуман давлату ҷомеа дониста мешавад. Соли 2019 шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври омӯзишӣ (пилотӣ) тариқи гузаронидани пурсиш воридшавии хатмкардагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва технологияи компютерии 12 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳуриро, ки соли 2017 муассисаҳои таълимиро хатм намуда буданд, таҳқиқ кард. Зимни пурсиш аз хатмкардагон чунин паҳлуҳои фаъолияти онҳо, ба монанди ҳадафи дарёфти таҳсилот, қаноатмандӣ аз таҳсилоти дарёфткарда, таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаи кории дар давоми таҳсилот аз бар карда, назари хатмкарда (мутахассиси ҷавон) ба сохтори барномаи таълимӣ ва баҳодиҳии самаранокии он, вазъияти шуғли хатмкарда ва то чӣ андоза зуд ӯ ҷои кор ёфтааст ва умуман ҷанбаҳои воридшавӣ ба бозори меҳнат, то чи андоза таҳсилот, яъне донишу малака, таҷрибаву касбият ва салоҳиятнокии ӯ ба талаботи корфармо мувофиқат мекунад, инчунин, аз хатмкардагон баъзе маълумоти умумии демографӣ ва тавсияву пешниҳодоташон пурсида шуданд.
Аз шумораи умумии 5 500 хатмкардаи соли 2017-и ихтисосҳои равияҳои омӯзгорӣ ва технологияи компютерии 12 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ 1 188 нафар ё 21,6% ба пурсиш фаро гирифта шуданд. Аз шумораи умумии дар пурсиш иштироккардагон 89 фоизашон ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва 11 фоизашон хатмкардаи ихтисоси технологияи компютерӣ буданд. Аз ин шумора 57% писарон ва 43% духтарон буданд. 83 фоизи хатмкардагон тариқи ройгон дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил кардаанд ва боқимонда 17 фоиз тариқи пулакӣ тибқи шартнома таҳсил намудаанд. Аз шумораи умумии пурсидашудагон дар муассисаи таълимӣ 86 фоизашон рӯзона ва 14 фоизашон ғоибона таҳсил намудаанд. Фарогирии пурсиш ва усули баргузории он (пурсиши телефонӣ, пурсиши рӯ бу рӯ дар минтақаҳо ва пур кардани пурсишнома тариқи онлайн) имкон медиҳанд, ки натиҷаҳои он эътимоднок дониста шуда, пеш аз ҳама заминаи устувор ва масири дуруст дар роҳи пайгирии фаъолияти хатмкунандагон дониста шавад. Аз ҳама муҳим, пурсиши озмоишӣ (пилотӣ) нишон дод, ки 71% хатмкардагони ихтисосҳои технологияҳои компютерӣ ва 73% хатмкардагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ бо шуғли пурра (ҷои кори доимӣ), мувофиқан 14% ва 15% шуғли нопурра, 6% ва 3% соҳиби кори муваққатианд, 2% ва 3% таҳсил менамоянд ва 2%-ӣ барои худ ҷои кор бунёд кардаанд. Ҳамагӣ 5% хатмкардагони ихтисосҳои технологияҳои компютерӣ ва 2% хатмкардагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ худро бекор муаррифӣ карданд. Ҳамин тариқ, пурсиш нишон дод, ки 95% хатмкардагони ихтисосҳои технологияи компютерӣ ва 98% хатмкардагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ соҳиби ҷои кор ва шуғли муфид мебошанд.
Албатта, дар рафти пурсиши озмоишӣ (пилотӣ) худи пурсишнома аз санҷиш гузашт ва бо назардошти он ба саволномаи пурсиши навбатӣ тағйироту иловаҳои зарурӣ дароварда шуда, вақти гузаронидани пурсиш аз 30 то 20 дақиқа кам карда шуд.
Омӯзиши бо ҷои кор таъминшавии хатмкунандагон имкон медиҳад, ки фармоишҳои давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон боз ҳам бештар суроғавӣ карда шаванд, масалан, барои ноҳия ё шаҳри мушаххас ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ ба ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо мутахассисон намерасанд ва низ бахши хусусӣ ва довталабону волидайни онҳо дар бораи бозори меҳнат ва мутахассисони ихтисосҳои серталаб маълумоти бештар пайдо мекунанд ва ҳамзамон ҳар як муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар дар бораи вазъи бо ҷои кор таъмин шудани хатмкардагони ҳар як ихтисоси худ маълумоти дақиқ ба даст оварда, бо ин восита имкон пайдо мекунанд, ки фаъолияти худро боз ҳам бештар ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонданд.
То ҳол хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз рӯи ихтисос кор намекунанд, зиёданд. Омӯзиш ва таҳлили бо ҷои кор таъминшавии хатмкунандагон имкон хоҳад дод, ки тавсияҳои ба шароити кунунӣ мувофиқ барои касбинтихобкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия гарданд. Воқеияти дигари таъсири байниҳамдигарии бозори меҳнат ва таҳсилоти касбӣ ба андешаи корфармоён ва аксар муҳаққиқон, дар он аст, ки барномаҳои таълим аз ҳолати рушди иқтисодиёти воқеӣ қафо мондаанд, яъне барномаҳои таълими баъзе ихтисосҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд ва мувофиқан мутахассисони ин барномаҳои таълимро азбар намуда, талаботи корфармоёнро қонеъ намесозанд, яъне ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нестанд.
Маҳз барои ислоҳи ин норасоиҳо дар мутобиқати таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба бозори меҳнат шуъбаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сохтори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Вобаста аз таҷрибаи андӯхташуда ва бо мақсади таъмини пешрафт дар самти бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон дар назди шуъба вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:
- фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар сохторҳои марбутаи ҷумҳуриро дар самти пайгирии фаъолияти хатмкунандагон ҳамоҳанг созад;
- бо мақсади пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъди хатми муассисаи таълимӣ дар барои онҳо иттилооти инъикоскунандаи касбияташон ҷамъоварӣ намояд ва ҳамин тариқ махзани ягонаи ҷумҳуриявии маълумот дар бораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ташкил гардад;
- ҳамасола фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро пайгирӣ намояд ва воридшавии хатмкунандагонро ба бозори меҳнат омӯзад. Шуъба вазифадор шудааст, ки воридшавии тамоми хатмкунандагони давоми 12-24 моҳи охир муассисаи таълимиро хатм кардаро ба бозори меҳнат омӯзад;
- натиҷаи омӯзиш ва таҳқиқро таҳлил намуда, хулосаву тавсияҳои худро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, вазорату идораҳои дахлдор, корфармоён пешниҳод намояд, ҳамасола аз натиҷаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳисобот пешниҳод намуда, муҳтавои асосии натиҷаи пайгириро барои дастрасии озод низ нашр созад.
Дар ояндаи наздик гузариш аз таҳсилоти касбӣ ба шуғли касбӣ бовуҷуди ҳолати демографии мушкил осонтар ва беҳтар хоҳад шуд, ки сабаби инро мо дар хубтар шудани таъминоти иқтисодиёт бо неруи барқ ва мусоидати давлат ба рушди соҳаҳои истеҳсолӣ дар ҳошияи татбиқи стратегияи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мебинем. Рушди бомароми иқтисодиёти кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиёту фарҳанг талаботро ба мутахассисони соҳибкасб боз ҳам афзун карда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо мешавад, ки барномаҳои таълимии худро боз ҳам бештар ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ сохта, фазои байни хатмкунандагон ва корфармоёнро бо маълумоти барои ҳарду тараф зарурӣ пур кунанд. Дар ин самт яке аз чораҳои таъсирбахш ва самаранок, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаву муассисаҳое мебошад, ки оянда имкони бо ҷои кор таъмин кардани хатмкунандагонро дошта бошанд ва умуман, муассисаҳои таълимӣ бояд барои такмилу тавсеаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён чораҳои муассир андешанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки беҳтарсозии мутобиқати таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба бозори меҳнат ва ҳатто бештар аз ин, имрӯз омода намудани мутахассисони соҳибкасбе, ки ба талаботи бозори меҳнати фардо ҷавобгӯ бошанд, робита ва алоқамандии зичи муассисаҳои таълимиро ба корфармоён, дастгирӣ ва мусоидати тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.
Д. Қодирзода,
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр