Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Қурбонбӣ Забирзода изҳор дошт, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолтар гаштааст. Соли равон 26 нафар хатмкунандаи синфи 11 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори 1 медали тилло, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 3 медал зиёд мебошад.
Соли таҳсили 2019-2020 мактабро 1691 хонанда хатм намуданд. Аз ин теъдод, 1576 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба макотиби олӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Барномаҳо иҷро мешаванд
- Масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф аз имкониятҳои мавҷуда ба таври даркорӣ истифода мекунанд, - гуфт мудири шуъбаи маорифи шаҳр Қурбонбӣ Забирзода. - Иҷрои Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018 - 2022» дар шаҳри Бохтар дар шаш моҳи соли равон 41 дарсадро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 дарсад зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» дар шаҳри Бохтар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ, компютерӣ ва лингофонӣ ташкил гардид.
Дар шаҳр таъмири муассисаҳои таълимӣ ба соли таҳсили 2020-2021 бо мусоидати падару модарон, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимӣ мувофиқи матлаб идома дорад.
1576 нафар ҳуҷҷат супурданд
Дар соли таҳсили 2019 – 2020 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон 9 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ нишондиҳандаи беҳтар аст.
Қурбонбӣ Забирзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, изҳор дошт, ки 26 нафар хатмкунандаи синфи 11 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори 1 медали тилло, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиада ҷойҳои намоёнро муҳассилини литсейи давлатии №1, литсейи Ориёно, литсейи тамоюли технологӣ ва муассисаи таълимии №2 соҳиб гардиданд.
Гуфта мешавад, ки соли равон 1691 нафар хонанда таълимгоҳҳои шаҳрро хатм намуданд. Аз ин шумора 1576 нафар хонанда ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр