Нашрияи Омӯзгор

Квотаи Президентӣ: пирӯзии 72 нафар дар озмуни шаҳрӣ

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Барои таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020 – 2021 18 ҷой ба шаҳри Норак дар асоси нақшаи муқарраршуда муайян гардидааст, - гуфт Сафари Шукур - мутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Норак.

Комиссияи муштарак аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва дигар идораҳои дахлдор мутобиқи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентӣ дар озмуни мазкур 127 нафар довталаб иштирок намуда, маҳорати худро санҷиданд. Комиссияи шаҳрӣ баъд аз гузаронидани суҳбат (озмун) ба 72 нафар, аз ҷумла, 36 нафар духтар ва 36 нафар ҷавонписарро барои дар даври дуюми озмуни вилоятӣ ширкат намудан роҳхат дод.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш