Нашрияи Омӯзгор

Дипломсупорӣ ба хатмкунандагон

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими расмии дипломсупорӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо риояи меъёр ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба хатмкунандагоне, ки соҳиби дипломи сурх гаштанд ва дар раванди таҳсил ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ буданд, дар вазъи тантанавӣ дипломҳо тақдим гардиданд.

Пас аз сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хатмкунандагонро ба чунин рӯзи хотирмон самимона табрик намуд ва таманниёти хешро барояшон иброз дошт.

Ректори донишгоҳ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи хуби таълиму тарбия дар муассисаҳои олии кишвар ва тайёр намудани мутахассисони ояндасоз ҳарф зад.

Дар таҷрибаи донишгоҳ бори аввал дар маросими супоридани дипломи хатм хатмкунандагони боқимонда вобаста ба факултаҳо тариқи онлайн иштирок намуданд, ки ин хусусияти фарқкунандаи маросими дипломсупории хатмкунандагони соли таҳсили 2019-2020 аз солҳои пешин ба ҳисоб меравад. Саҳифаи давраи донишҷӯии хатмкунандагон бозгӯи он аст, ки бештари онҳо дар раванди таҳсил ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, гирандаи гранти байналхалқӣ, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», “Беҳтарин корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ», “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”, дорандагони медали «Дурахшон»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот, ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо буданд.

Дастоварди хатмкунандагон дар муаррифии донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, бо кӯшишу ғайрат ва дастоварду нишондод саҳм гирифтани онҳо дар мутобиқгардонии сатҳу сифати таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ ва соҳиби шаҳодатномаҳои аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани якчанд ихтисоси амалкунандаи донишгоҳ назаррас арзёбӣ мешавад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш