Нашрияи Омӯзгор

Нахустин ҷаласаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

9-уми июл дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода нахустин ҷаласаи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагон аз як қатор вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ширкат намуда, аз дастовард ва муваффақиятҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат ва истеҳсолот ёдовар шуда, ҳамзамон, проблемаву мушкилоти мавҷударо дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи саноату истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштирокчиён, инчунин, дар мавриди дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, ҷалби грантҳо барои  амалигардонии барномаҳои таълимӣ, барқарор кардани робитаи зичу мустаҳкам миёни корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои анҷоми корҳо ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ ва фазои муносиби гузаронидани давраи таҷрибаи истеҳолӣ дар коргоҳу корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози андеша намуданд.

Дар охир муовини вазири маориф ва илми кишвар иштирокчиёни ҷаласаро даъват кард, ки барои дар сатҳи баланд ва ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро биандешанд.

Суннатуллоҳи МИРЗО


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш