Нашрияи Омӯзгор

800 рубоию дубайтии Фарзона

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарзона таҳти унвони “Найсон” тариқи нашриёти “Хуросон” рӯи чоп омад. Китоб бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба табъ расидааст. Мураттиб, муаллифи сарсухан ва муҳаррири масъули китоб доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус буда, он зери назари Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод нашр гардидааст.

Ба маҷмӯаи мазкур силсилаи рубоиву дубайтӣ ва тарҷумаҳои шоир, ки бархе аз онҳо бори аввал ба чоп мерасанд, ворид шудааст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА, “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш