Нашрияи Омӯзгор

Садоқат ба Пешво

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Истиқлолият чун волотарин ва пурарзиштарин неъмат ба мардуми тоҷик имкони эҳёи таърих, дину фарҳангро фароҳам сохт, аммо ин рӯйдоди таърихӣ пайомади дигари вазнин ба миён овард. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ки дар он тибқи маълумоти оморӣ беш аз 150000 ҷавонону мардон, ки байнашон фарзандони фарзонаи миллат низ буданд, ҷон бохтанд. Ҳазорҳо хона вайрон ва кӯдакону модарон бесаробон монданд ва мардуми зиёд гумном гашт. Хатари маҳвшавии давлату миллат бараъло ба чашм мерасид.

Маҳз дар ҳамин давраи мураккабу вазнин ба саҳнаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуда, бо интихоб шудан ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ чунин савганд баён намуданд: «Ман масъулияти бузурги худро дар назди Ватан ва манфиатҳои давлату миллат, имрӯзу фардои он, ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар, амният ва садоқати халқи азизам бо тамоми ҳастӣ дарк менамоям ва барои ба ҷо овардани боварии кулли шаҳрвандони Тоҷикистон неру ва тавоноӣ, донишу таҷриба ва гузашта аз ин, ҳастии худро дареғ намедорам».

Таърих собит намуд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати сиёсати дурбинона ва устувори хеш тавонистанд якпорчагии мамлакатро ҳифз намоянд ва сулҳу ваҳдатро таҳким бахшанд. Ноил гардидан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат натиҷаи сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст.

Сулҳу ваҳдати тоҷикон барои ҷаҳониён намунаи беҳтарини даст кашидан аз хунрезӣ ва қадамҳои устуворона гузоштан ба сӯйи тараққию ободкориҳо маҳсуб меёфт.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хислатҳои неки инсонӣ, ҷасорату мардонагӣ, дурандешӣ дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони сохибистиклол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷаҳон саҳми беназир гузоштанд, ба унвони баланди Пешвои миллат сазовор дониста шуданд.

Дар яке аз суханрониҳояшон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «Шумо бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангдӯсту сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, дар баробари нишон додани садоқат ба Ватан, инчунин, шахсони аз таърихи миллати худ огоҳ ва зираку ҳушёр бошед”.

Имрӯз таърихи навини Тоҷикистон таърихи хақиқии давлати соҳибистиқлол мебошад, ки асоси онро сулҳу ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, кафили рушду босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон шинохта шудаанд.

Мо, ҷавонони саодатманди диёр, ифтихор аз он дорем, ки дар фазои сулҳу тинҷию амонӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, умр ба сар мебарем ва дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Фазила ГУЛМАМАДОВА,

мудири Осорхонаи

ноҳияи Мурғоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш