Нашрияи Омӯзгор

Ҳикмати ваҳдат

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Достони ваҳдати тоҷикон хеле доманадор, пурҳикмат ва дорои ҳодисаву воқеаҳои зиёдест. Донистани  таърих ва воқеияти Ваҳдати миллӣ, махсусан, барои насли наврас муҳим ва муфид аст.

Бинобар ин, омӯзгоронро мебояд, ки дар дарсҳо, дарсҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои илова ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ба шогирдон мунтазам оид ба ин мавзӯъ суҳбатҳо намоянд, ба онҳо перомуни таърихи Ваҳдати миллӣ, марҳилаҳои расидан ба ваҳдат, чеҳраҳои ваҳдатофар, моҳияту аҳамияти ваҳдат ва омилҳои беза-воли он ҳикоят бикунанд.

Дар такя ба воқеият метавон гуфт, ки дар бораи Ваҳдати миллӣ ба хонандагон, пеш аз ҳама, нуктаҳои зеринро таъкид бояд кард, тавсиф бояд бахшид:

1. Ваҳдати миллии тоҷикон маҳз дар заминаи талошҳои пайваставу ҷоннисорона ва кӯшишҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ кардааст ва аз ин рӯ, ин абармарди дунёи сиёсат барҳақ сазовори номи баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат гардидааст.

2. Ваҳдати миллии тоҷикон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои ноябр – декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, сарчашма мегирад.

3. Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги бародаркуш нуқта гузошта шуд.

4. Музокирот ва вохӯриҳо бо мухолифони ҳукумати қонунӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон ҷараён ёфтанд. Барои ба сулҳу осоиштагӣ расидан 9 даври музокирот, 6 мулоқоти сарони тарафҳо, 21 музокироти ҳайатҳо баргузор гашт ва 40 санад ба имзо расид.

5. Барои тантанаи комили сулҳу ваҳдати тоҷикон қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси исломӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва чанде аз кишварҳои ба мо дӯст нақши шоиста бозиданд.

6. Зарари моддии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба иқтисоди мамлакат, тибқи маълумоти расмӣ, ба андозаи беш аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки дар ин ҷанг беш аз сӣ ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда, биною  иншооти зиёд, коргоҳу муассисаҳои тиббӣ, идораҳои давлатӣ, мактабу кӯдакистонҳо харобу тороҷ гардиданд. Зиёда аз панҷоҳу панҷ ҳазор кӯдак ятим монданд.

7. Созишнома дар бораи Ваҳдати миллии тоҷикон танҳо дар заминаи музокирот, бо корбасти ақли солим, бо роҳи осоишта ва бидуни  ҷангу хунрезӣ ба имзо расид.

8.         Рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шудааст ва инак, бисту як сол боз дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мешавад.

9.         Солиёни зиёдест, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷиконро аҳли сайёра меомӯзанд ва дар ҳалли баъзе мушкилоту ихтилофоти дохилӣ сарони бисёр кишварҳои ҷангзада аз он баҳрабардорӣ мекунанд.

Ба шогирдон, ҳамчунин, таъкид бояд кард, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави таърихие оғоз ёфт, ки бо созандагию бунёдкорӣ, бо рушду пешрафт ва бо шукуфоиву ободонӣ иртиботи қавӣ дорад.

 

Гулнора Аминова,

омӯзгори гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе,

Аълочии маориф ва илми ҷТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш