15-уми июли соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор шуд, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм Тоҷинисо Маҳмадова, омӯзгорону хонандагон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат карданд.
Озмуни мазкур 15-17-уми июли соли ҷорӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо сазовори медалҳои тилло ва нуқра мегарданд..
Гузориши муфассали он дар нашрияи "Омӯзгор" чоп хоҳад шуд.
Дилафрӯз Қурбонӣ
"Омӯзгор"
Иловакунӣ
Иловакунии фикр