Нашрияи Омӯзгор

Шаш моҳи пурсамар

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

17-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Вазорати маориф  ва илм бо иштироки вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Дар нишаст 61 намояндаи расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷии кишвар иштирок доштанд.

Нахуст вазири маориф ва илми кишвар М. Имомзода иттилоъ дод, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти вазорат дар шашмоҳаи якуми соли 2020 варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман ба 32 нашрия, 4 оҷонсӣ, 10 телевизион, 9 радио, беш аз 150 нафар рӯзноманигор ва ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол гардид. Таъкид шуд, ки новобаста аз вазъи маъмули баамаломада дар шаш моҳи соли равон Вазорати маориф ва илм корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар давраи таътили ғайринавбатии муассисаҳои томактабӣ вобаста ба пандемияи COVID-19 филми аниматсионии «Сандуқчаи зулбиё» такмил дода, дар ҳаҷми 50 қисм тавассути шабакаи телевизионии «Баҳористон» намоиш дода шуд. Дар доираи ҳамкориҳо бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт ва намоиши видеоии машғулиятҳо барои кӯдакони синни томактабӣ роҳандозӣ гардид.

Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону хонандагон ва пешгирии интиқолу сирояти коронавируc (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуда, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм бе иштироки хонандагон, дар асоси баҳои солона баргузор гардид.

Ҳамзамон, ҷиҳати шаффофияти баргузории аттестатсияи хатм дар вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои аттестатсионӣ ва апеллятсионӣ таъсис дода шуданд.

Дар робита ба вазъи баамаломадаи эпидемикӣ машғулиятҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзи 17 августи соли 2020 шурӯъ гардида, мавзӯъҳои тадриснашуда таълим дода мешаванд.

Вазорати  маориф ва илм лоиҳаи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи панҷсола (2020-2025)-и чорабиниҳо оид ба эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-ро омода намуд. Татбиқи амалии Нақшаи чорабиниҳои мазкур барои ҷалби бештари насли наврас ва ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури техникии онҳо ва таъмини сифати нави рушди таълими фанҳои номбурда нақши муҳим мебозад.

Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат сафарбар менамояд.

Айни ҳол муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати таҷдид ва такмили стандарту нақшаҳо ва барномаҳои таълимии 76 ихтисоси академӣ корҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд. Дар ин раванд 64 муассисаи таълимии давлатҳои хориҷии пешрафтатарини ҷаҳон, ки аз ҷиҳати сифати таҳсилот ва навоварӣ рейтингҳои баландро соҳиб мебошанд, аз ҷумла, 24 муассисаи таълимии кишварҳои Аврупо (Литва, Булғористон, Италия, Испания, Олмон, Швейтсария, Маҷористон, Полша, Словакия, Португалия, Финляндия, Шветсия, Эстония, Австрия ва Британияи Кабир) ва зиёда аз 40 муассисаи маҳаллӣ аз ҳисоби ассотсиатсияҳои корфармоён, марказҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ ҷалб гардиданд.

Соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз ҷониби Федератсияи Россия 620  бурсия, Ҷумҳурии Озарбойҷон 6 бурсия, Ҷумҳурии Венгрия 20 бурсия, Руминия 1 бурсия, Ҷумҳурии Беларус 8 бурсия, Қазоқистон 50, Украина 20 бурсияи таҳсилӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Туркия ва Австрия тариқи онлайн бурсияҳои худро пешниҳод намуданд. Дар асоси натиҷаҳои гуфтушуниди тарафайн минбаъд Австрия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар феҳристи ягонаи давлатҳе, ки ба шаҳрвандони онҳо ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии худ имтиёз медиҳад, ворид намуд. Ин ба шаҳрвандони кишвар имконият медиҳад, ки минбаъд аз феҳристи ягонаи бурсияҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (дар сомонаи grant.at) дастрасӣ пайдо намуда, дар озмуни барномаҳои бурсиявии Австрия аз тариқи онлайн иштирок намоянд.

Дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломативу консулӣ аз рӯйи маълумоти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар айни ҳол 28860 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар таҳсилро ба таври фосилавӣ идома дода, аз ин теъдод 11857 нафар дар хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд. Инчунин, ба онҳо аз ҷониби маъмурияти донишгоҳҳо маводи зарурӣ, аз қабили ғизо, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳо ройгон тақдим карда мешавад.

Шоистаи таъкид аст, ки нишасти матбуотии вазорат асосан тавассути саволу ҷавоб сурат гирифт ва ба суолҳои хабарнигорон вазири маориф ва илм М. Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххасу бодалел доданд.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш