Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори асил ва модари мушфиқ

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон нисбат ба омӯзгори математика Ҳусния Шодиева ҳамкорон ва волидон эҳтироми самимӣ  доранд. Ин зани хоксору ҳалим, хирадманду оқил, устоди сахтгиру меҳрубон бо меҳнатдӯстӣ, хушзабонӣ ва софдилӣ дар дили ҳар як шогирд тухми меҳру муҳаббат коштааст. Шогирдонаш дар саросари кишвари азизамон ва берун аз он фаъолият доранд. Аммо афсӯс, ки чунин устоди асил чанде пеш дар 65-солагӣ тарки олам гуфт. Барои ҳамкорон, аҳли  маорифи минтақа ва шогирдони зиёд ин талафоте гашт хеле сангин.   Ҳусния Шодиева соли 1955 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1972 факултаи физика ва математикаи ДДОТ ба номи С.Айниро хатм намудааст. Беш аз чил сол ба касби пурифтихори омӯзгорӣ машғул шуда, барои халқу Ватани худ содиқона хизмат кардааст. Муаллима борҳо ба ифтихорномаю сипосномаҳо сазовор гардидааст.  Ёди неки ин омӯзгори асил, модари меҳрубону бонуи маслиҳатгар ҳамеша дар дили мо боқӣ хоҳад монд.

 

Дилбар ҚОСИМОВА,

омӯзгори мактаби №8-и шаҳраки Сирдарёи

шаҳри Гулистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш