Нашрияи Омӯзгор

Олам сухани Камол бигрифn

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

(Саҳнае аз байтбарак бар ашъори Камоли Хуҷандӣ)

А

Аввал ҳадиси ту гӯянд мардумон

Бар шохсори гул, чу дароянд дар сухан.

Н

Наравам ба акси душман зи дараш ба ҳеҷ пое,

Ки саре ниҳодам ин ҷо, ки ба ҳеҷ теғ барнадорам.

М

Макун ин ҳама душманӣ бо Камол,

Ки мискин ба ҷон дӯстдор асту бас.

С

Саҳл бошад бар канори мо гирифт аз гиря об,

Бар канори об чун гул гар тавон биншонданаш.

Ш

Шӯхиву фитнагару сангдилу аҳдшикан,

Чашми бад дур, ба чандин ҳунар оростаӣ.

И

Ид меояду вақт аст, ки дар маҳ нигарем,

Парда баргир, ки аз маҳ ба ту муштоқтарем.

М

Маҷлиси мо ба ҳузури ту чунон аст имрӯз,

Ки камин ходимааш ҳури  ҷинон аст имрӯз.

З

З-он лаби пуршакарат лутф ҳамебораду ҳусн,

Ки бипарвард лаби ӯ ба наботи ҳасанаш.

Ш

Шаби фироқи ту аз ашк пуртар аст ду чашмам,

Шабе, ки маҳ набувад, чашм пур бувад зи ситора.

А

Агарчи дур бувад маҳ зи ту ба сад фарсанг,

Даҳони ту ба шакар нисбатест танготанг.

Г

Гарчи нуқсони Камол аз маю шоҳидбозист,

Дар мақоме, ки ҳама ӯст, чӣ нуқсону камол.

Л

Лутфи андомат, ки пероҳан ба доман менуҳуфт,

Тарсам аз соид, ки нанҳад дар миёни остин.

Н

Назми Камол баста ба ҳам риштаи дур аст,

Гуфтори дигарон ҳама бар ресмон гиреҳ.

Ҳ

Ҳадиси Юсуфи Мисрӣ, ки аҳсанулқасас аст,

Касе ба сӯз нахонад чу пири Канъонӣ.

И

Ин сӯзи дарун зи сӯхтан нест,

Носохтани ту сӯхт ҷонам.

М

Мекунад дар даври чашмат дил зи ҳар вақте хурӯш,

Вақти гул ҳаргиз набошад булбуле бе ғулғуле.

Э

Эй сабо, то кай ба зулфи ёр бозӣ мекунӣ,

Сар диҳӣ бар бод, чун бисёр бозӣ мекунӣ.

 

Муяссархон Юсуфова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсейи ДДҲБСТ,  шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш