Хонандагони азиз! Чунонки хабар доред, ҳафтаномаи «Омӯзгор» (№23, 04.06.2020) бахшида ба 700-солагии ғазалсарои мумтоз Камоли Хуҷандӣ ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зери унвони «Шоири шӯридадил» дар шакли муаммо озмун эълон карда буд. Аз эълони озмун то ба имрӯз ба идора ҷавобҳои зиёде ворид гардиданд. Ҳайати ҳакамон ҳамаи ҷавобҳоро омӯхта, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 41, ноҳияи Шоҳмансур (ҳамзамон директори ҳамин мактаб), Аълочии маорифи Тоҷикистон Фариштамоҳ Аҳмадоваро ғолиби озмун донист.
Воқеан, ҷавобҳои муаллима пурраву саҳеҳ буда, дар онҳо талаботи озмун риоя гардидааст. Инак, ҷавобҳои муамморо пешкаш менамоем:
1. Мутриб. 2. Боғбон. 3. Набошад. 4. Дард. 5. Дар. 6. Рози. 7. Ин. 8. Нашуд. 9. Дилҳо. 10. Он. 11. Ноҷавонмардро. 12. Ончунин. 13. Надонам. 14. Маро. 15. Оташ. 16. Шодӣ. 17. Илоҷи. 18. Имшаб. 19. Бизан. 20. Навиштам. 21. Мӯймиёнӣ. 22. Ишқи. 23. Инони. 24. Иқомат. 25. Туам. 26. Моро. 27. Омад. 28. Даъводор. 29. Равза. 30. Алқисса. 31. Агар. 32. Рухсорам. 33. Мекунем. 34. Ман. 35. Наметавонад. 36. Дида. 37. Афтад. 38. Доман. 39. Нишин. 40. Нахоҳам. 41. Мегард. 42. Диҳад. 43. Дарвешӣ. 44. Ишқӣ. 45. Ин. 46. Нест. 47. Танам. 48. Матои. 49. Илоҷи. 50. Ишқат. 51. Тарки. 52. Ин.
Омӯзгор Фариштамоҳ Аҳмадова бо се девони Камоли Хуҷандӣ (нашри солҳои 1985, 2011 ва 2015), ки дар маҷмӯъ 1572 саҳифаро дар бар мегиранд, ба идораи нашрия ташриф овард ва иттилоъ дод, ки ҷавоби саволҳоро аз ҳамин асарҳо пайдо кардааст. Тибқи шарти озмун бо муаллима мусоҳиба оростем.
- Хуб мешуд, нахуст худро муаррифӣ мекардед.
- Зодаи ноҳияи Восеъ ва хатмкардаи мактаби №11-и ҳамин ноҳия мебошам. Соли 1991 факултаи филологияи тоҷики ДМТ- ро ба итмом расонда, дар мактабҳои рақамҳои 29 ва 39 – и ноҳияамон дарс гуфтам. Соли 2000 – ум ба шаҳри Душанбе омада, дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 19 ва 90 – и ноҳияи Сино аз забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон дарс додам. Аз соли 2017 то имрӯз омӯзгор ва директори мактаби рақами 41 – и ноҳияи Шоҳмансур мебошам.
- Омӯзгорӣ ва бар замми ин, роҳбари мактаб будан душвор нест?
- Вақте ба кас бовар мекунанд, бояд кӯшиш намуд, ки ба ин боварӣ арзанда бошӣ. Ин ҳар ду маро, баръакс, пурра мекунанд. Сониян, ҳайати хубе дорем иборат аз 42 нафар омӯзгори пуртаҷриба ва дорои маълумоти олӣ. Дар он ҷое, ки ёр аҳл бошад, кор саҳл аст.
- Чаро махсус касби омӯзгориро ихтиёр кардед?
- Аз хурдӣ ба омӯзгорӣ дилбастагӣ доштам, ашъори зиёди классикони адабиёт ва муосирро азёд медонистам ва то ҳастам, ба омӯзиши ашъори классикон мепардозам. Ба қавли Камоли Хуҷандӣ: «То ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст». Ҳар касе ба илми суханшиносӣ сарукор дорад, фикр мекунам, инсони хушбахт аст, ман низ худро хушбахт меҳисобам, ки ҳамин касб ва таълими фанҳои забону адабиётро ихтиёр кардам.
- Вақти холӣ пайдо шавад агар, онро чӣ гуна сарф мекунед?
- Аслан, дар касби омӯзгорӣ вақти холӣ қариб ки нест, вале агар пайдо шуд, албатта, бо мутолиаи асарҳои бадеӣ мегузаронам. Инчунин, мақола ва дастурҳои методӣ менависам. Дастури методиам барои баргузории соатҳои тарбиявӣ ҳанӯз соли 2013 аз чоп баромада буд. Дастури дигарамро (дар ҳаммуаллифӣ бо устод И.Давлатшоев) бо номи «Асосҳои педагогии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар ташаккули салоҳияти мактабиён» чанде пеш дастраси ҳамкасбон гардондам. Дар мавзӯи «Феҳристи асарҳои Ҳаким Карим ва адабиёти оид ба аҳвол ва осори ӯ (аз солҳои 60 то 90 – уми асри гузашта ва то ҳол)» кори таҳқиқотӣ бурда истодаам. Китобҳои бадеии зиёде дорам, ки фарзандонам низ аз онҳо ба таври фаровон истифода мебаранд.
- Хуб, аз фарзандон гуфтед, дар куҷо таҳсил мекунанд ва ба чӣ кор машғуланд?
- Шукри Худованд, панҷ фарзанд ва панҷ набера дорам. Давлатёр - корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, Гуландом - омӯзгор, Гулнора - ҳуқуқшинос, Сафиямоҳ - донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Баргимоҳ хонандаи мактаби миёна мебошад.
Мусоҳиб Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр